Маҳви 175 узви Толибон дар 24 соати охир

Октябрь 10, 2015 05:29

Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бар асоси баёнияи Вазорати дифои Афғонистон неруҳои артиши ин кишвар тайи 24 соати гузашта дар ҷараёни чандин амалиёти поксозӣ дар саросари Афғонистон беш аз 175  узви Толибонро нобуд ва даҳҳо нафари дигарро захмӣ намуданд.
Бар асоси баёнияи мазкур дар ин миён 5  сарбози афғон низ ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона ҷони худро аз даст додааст.
Сарбозони афғон ҳамчунин чандин силоҳҳои вазнин ва сабукро забт карда ва миқдори зиёди маводи таркандаро нобуд сохтанд.

 

Октябрь 10, 2015 05:29

Хабарҳои дигари ин бахш