Махфират Хидирзода: «Мо дар шиносонидани либоси миллӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаем»

Октябрь 19, 2015 13:02

Душанбе, 19.10. 2015. (АМИТ   «Ховар»).-  Имрӯзҳо шомилшавии занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба як падидаи номатлуби ҷомеа табдил ёфта, ин раванд рӯ ба афзоиш дорад, ки боиси нигаронист. Хабарнигори «Ховар» доир ба масъалаи мазкур бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

«Ховар: Дар мавриди гаравидани занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва  майли онҳо ба гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» чӣ назар доред?

 М. Хидирзода: Масъалаи паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта истодааст. Дар ҳар шаклу намуде, ки ифротгароӣ зуҳур нанамояд, бояд донем, ки моҳияти он якхела боқӣ мемонад- яъне, куштор, хунрезӣ, ташкили ноамнӣ ва даҳшатафканӣ дар ҷомеа. Дар ин масир гаравидани занону духтарон масъалаи аз ҳама ташвишовар аст. Ба ақли солим рост намеояд, ки зан-модар бо кадом ҷуръату ирода метавонад хонаю фарзандони худро гузошта, рў ба номаълумӣ орад. Номаълумӣ ба он маъно, ки  то ба охир бо ақлу идроки солим наметавонад дарк намояд, ки оқибати ин рафтори ў чӣ мешавад. Масъалаи дигар ин қабули ҷомеа аст. Мо дида истодаем, ки ҷомеа чунин рафтори занро бисёр дарднок қабул мекунад. Яъне, дар тасаввури мардум ташаккули образи «зан-террорист», боз махсусан вақте гап сари зани тоҷик меравад, бисёр мушкил аст, зеро зани тоҷикро ҷомеа ҳамчун олиҳаи офарандаю покӣ қабул кардааст ва қабули образи дигари он бисёр нофорам аст.

«Ховар:  Кадом омилҳо боис гаштаанд, ки занону духтарон танҳо ва ё бо шавҳаронашон ба сафи террористон мепайванданд?

М. Хидирзода: Аслан вақте ки имрўз раванди ҷалби занону духтаронро ба ҳаракатҳои ифротгароӣ таҳлил менамоем, бо воқеияте рў ба рў мешавем, ки аз диди таҳлилӣ низ бисёр мушкилиҳо дорад. Яке аз омилҳои муҳими ҷалби занону духтарон ба ин ҳаракатҳо-ин  номуваффақӣ дар  мутобиқати иҷтимоии онҳост. Яъне, вақте ки шахс дар низоми мавҷудаи меъёрҳои умумипазируфтаи иҷтимоӣ ҷои худро ёфта наметавонад ва ин меъёрҳоро қабул ва эътироф кардан намехоҳад, пас дар ин лаҳза каҷрафтории иҷтимоӣ баръало намудор мегардад.  Бад-ин васила ў кўшиш мекунад тавассути муқобилият ба тафаккури созандаи иҷтимоӣ мавқеи худро дарёфт намояд. Коршиноси шинохтаи рус М.А. Адамова вобаста ба гароиши занон ба терроризм  дуруст қайд намудааст, ки: «ба чунин занон инстинкти сусти модарӣ  ва майл ба ҳаёти  оворагардона хос  мебошад». Бисёр таассуфовар аст, вақте ки терроризм ба худ симои занона мегирад.

Омўзиши ҳолатҳои воқеӣ ва таҳлили онҳо имконият медиҳад, то муайян намоем, ки мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати руҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ низ боиси ҷалби занон ба ин зуҳуроти номатлуб гашта истодааст. Ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавиро  ман мехоҳам махсус қайд намоям, зеро аксарияти заноне, ки бо оилаҳояшон имрўз дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доранд, маҳз онҳоеанд, ки дар муҳити оилавии худ ҳуқуқи тасмими мустақилонаро надоранд. Маҳз аз ҳамин сабаб ба хоҳиши бародарону шавҳарони худ муқобилият карда натавониста, ба ин роҳ мераванд. Ва мо имрўз дида истодаем, ки баъди марги шавҳар дар ин кишварҳо бо чӣ азобҳо рў ба рў мешаванд. Талаби имдодро вақте мекунанд, ки вазъиятро тағйир додан бисёр мушкил аст.

«Ховар:  Солҳои охир бештари ҷавондухтарон ба либосҳои ғайримиллӣ ва тарғиби фарҳанги бегона  рӯ меоранд. Чӣ бояд кард, ки либоси миллии мо мавқеи пешини худро барқарор кунад?

 М. Хидирзода: Равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии худро доранд. Дар ин раванд пурзўршавии омезиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо тазодҳои зиёдро пеш меоварад. Дар ин давра таҳоҷуми фарҳангӣ дар шаклҳои гуногун ва роҳу василаҳои гуногун суръат гирифта, истодагарӣ карда тавонистан дар рў ба рўи он масъулияти баландро тақозо менамояд.  Пурзўршавии ин раванд инчунин ба  қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста буда, рушди технологияҳои иттилоотӣ  баҳри ин замина фароҳам меоварад. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Мо имрўзҳо дида истодаем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии фарҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ гуна талошҳо карда истодааст. Вале, бархе занону духтарони мо ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс,  ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле таассуфовар аст.

Бо мақсади муайян кардани гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона мо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода тадқиқоти сотсиологӣ гузаронидем. Тадқиқот муайян намуд, ки сабаби рў овардани занон ба либоси бегона тақлидкорӣ, мўд шудани пўшидани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо ва дигар василаҳо мебошанд.

Барои пешгирӣ аз ин раванд боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим буда, ба мо зарур аст, то дар ҷомеа ҳар чи бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Мутаассифона, тадқиқоти мо муайян намуд, ки бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллии мо ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта наметавонанд. Ва ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. Яъне, аз ин ҷо маълум мешавад, ки мо дар шиносонидани либоси миллӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаем. Бинобар ин зарур аст, то ҳар чи бештар либоси миллии мо ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллии мо ҳаматарафа тарғибу ташвиқ  шавад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ сар  аз аввали сол аз ҷониби шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо озмунҳои «Тарроҳи беҳтарин» ва фестивали либосҳои миллӣ- «Хандаи ҳусн» гузаронида шуда истодаанд, ки мақсади асосии онҳо тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ мебошад.

Бояд зикр  намоям, ки масъалаи либос ин масъалаи як порча матоъ нест. Гап сари либос ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ меравад, ки онро бояд ҳифз намуд.

  «Ховар:  Кадом корҳоро бояд анҷом дод, то мафкура ва вазъи равонии ҷомеа дар татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамнаво бошад ва неруи зеҳнию ҷисмонии ҷавонон-ин қувваи созандаи кишвар барои некуаҳволии ватану миллат равона гардад? 

М. Хидирзода: Дар шароити кунунӣ барои ба даст овардани ин мақсад, пеш аз ҳама, таъмини фаъолияти ҳамоҳанги тамоми мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мебошад. Ҳодисаҳои моҳи сентябр нишон доданд, ки масъалаҳои таъмини амнияту ваҳдат ва ҳамгироии тамоми ҷомеа ба қатори масъалаҳое дохил мешаванд, ки аз рӯи афзалиятнокии худ бояд болотар аз ҳама гуна манфиатҳои ҳизбӣ ва гурўҳӣ бошанд. Бояд дарк намоем, ки кам нестанд қувваҳои манфиатхоҳу ғаразноке, ки мехоҳанд суботи сиёсиро дар кишвар халалдор намоянд. Бинобар ин,  бояд масъулияти ҳар яки мо дар ин самт баланд бошад. Дар ин самт фаъол гардонидани кори механизми дохилисистемавӣ зарур аст, ки маҳаки онро ниҳодҳои иҷтимоии анъанавӣ, шахсони обрўманди маҳаллаҳо, занон ва ҷавонони фаъол, инчунин тарғиби ҳарчи бештари арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Октябрь 19, 2015 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад