Мулоқоти Қ.Қоимдодов бо донишҷӯёни тоҷик

Октябрь 12, 2015 05:22

Душанбе, 12.10.15. (АМИТ «Ховар»). – Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Ҳукумати  кишвар  ба масъалаи тарбияи  кадрҳо  дар  дохили  ҷумҳурӣ ва хориҷ  аз  он   таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  менамоянд,  гуфта  шуд  дар ҷараёни  мулоқоти  сафири  Тоҷикистон  дар  Беларус  Қозидавлат  Қоимдодов  бо  донишҷӯёни тоҷик, ки  дар Донишгоҳи  миллии  техникии  Беларус  таҳсил  мекунанд.
Қ.Қоимдодов аҳамияти ба  имзо  расонидани  Созишномаи  миёни  ҳукуматҳои Тоҷикистон  ва Беларус  дар  бораи ҳамкорӣ  дар бахши таҳсилоти  олӣ ва таҳсилот баъди хатми мактаби  олӣ ва санадҳои  дигари  марбут ба  тарбияи  кадрҳоро ёдрас  кард. 
Зикр  шуд, ки мувофиқи  паймони президентҳои  Тоҷикистону  Беларус соли  2012  дар  Донишгоҳи  техникии  Тоҷикистон  ба  номи  М.Осимӣ  факултаи муштараки муҳандисию техникии  донишгоҳи мазкур бо  Донишгоҳи  миллии техникии  Беларус  ба  кор  шурӯъ  кард. Соли  дуюм  аст, ки донишҷӯёни  факултаи муштараки Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  баъди  соли  дуюми таҳсил барои  давом  додани таҳсил  дар Донишгоҳи миллии техникии  Беларус  ба шаҳри  Минск  меоянд.
Сафири  Тоҷикистон аз  ҳодисаҳои ба  сафҳои ДИИШ ворид  шудани тоҷикистониён, ки  ҳангоми таҳсил  ва  фаъолият  дар  хориҷа  фирефтаи  «муҳоҷидон» мешаванд, изҳори  нигаронӣ  кард.
Сафир  дар  анҷоми  мулоқот  чунин  гуфт: «Ҳамеша  дар  хотир  дошта  бошед, ки  шумо барои таҳсил  ва  аз  худ  кардани  донишҳо ба  ин  ҷо омадаед».

 

Октябрь 12, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст