Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония аз замони ташаккулёбӣ то айни ҳол дар ҳолати рушди пойдор қарор доранд

Октябрь 24, 2015 05:00

Душанбе, 24.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Муносибатҳои Тоҷикистону Япония аз лаҳзаи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ (аз 28 декабри соли 1991) ҳамарӯза мунтазам рушд менамоянд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Япония аҳамияти хосса медиҳад. Тавсеаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо маҳсуб мешавад ва мо ин давлати дӯстро ҳамчун яке аз шарикони муҳим дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ менамоем. 
Дар ҷанбаи таърихӣ давлатҳои моро робитаҳои деринаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пайванд месозанд, ки имрӯзҳо дар сатҳи сифатан нав эҳё мегарданд ва он минбаъд тамоюли рушдро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва башардӯстона дар худ ниҳон медорад.
Дар зарфи зиёда аз 20 соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хубе бунёд гардида аст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди  мушоракат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст. 
Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои конструктивӣ бо  Япония дар чаҳорчӯбаи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ манфиатдор аст.
Майдони хуб барои ҳамкориҳои мо ин Муколимаи Осиёи Марказӣ + Япония маҳсуб мегардад.
Робитаҳои байнипарлумонӣ фаъолона рушд меёбанд.  Дар соли 2000 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония таъсис дода шудааст. 
Ҳодисаи муҳим дар муносибатҳои дуҷониба ин боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Япония дар соли 2007 буд. Дар рафти ин сафар ҳайати расмии Тоҷикистон дар кори конфронси байналмилалӣ оид ба Тоҷикистон иштирок кард. Натиҷаҳои ин боздид боиси таҳрики наве ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония гардиданд.
Санадҳои асосии танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба дар давраи ҳозира ин Коммуникеи муштарак оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония аз соли 2001 ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории техникӣ аз соли 2005 ба шумор мераванд. 
Такмили минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду кишвар дар амри таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф аст.
Воқеаи муҳим дар ҳамкории дуҷониба, ин муваффақона гузаронидани нахустин машваратҳои сиёсии тоҷикӣ-японӣ дар соли 2013 буд. Механизми мазкур бешубҳа боиси таҳкими ҳамкории дуҷониба ва эътимоди тарафайн мегардад.
Муносибатҳо дар соҳаҳои инфрасохтор, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии аҳолӣ, омодасозӣ ва такмили тахассуси кадрҳо дар чаҳорчӯбаи кӯмаки расмӣ барои рушд (ODA) инкишоф меёбанд.
 Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Оҷонии японӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз соли 2006 саҳми чашмраси худро дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон мегузорад, молик аст. 
Ҳукумати Тоҷикистон мусоидати Японияро дар амалӣ гардонидани тарҳҳои зиёде, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвари моро фаро мегирад, хуб арзёбӣ менамояд. Дар давраи ҳамкориҳо аз ҷониби Ҳукумати Япония дар чаҳорчӯбаи барномаи грантҳои хурду миёна зиёда аз 320 тарҳҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ карда шуданд. 
Фаъолияти муваффақонаи якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Япония – «Аввалин» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки соли 2001 бо иштироки ширкати саҳҳомии японии «Коки» таъсис ёфт, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ саҳми назаррасе мегузорад. 
Тоҷикистон умедвор аст, ки таҷрибаи муваффақонаи корхонаи муштараки мазкур дигар маблағгузорони япониро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд менамояд. 
Тоҷикистон бо консепсияи асосии Ҳукумати Япония дар самти JICA, ки он «рушди захираҳои инсониро масъалаи калидӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар давлат…» эътироф менамояд, ҳамақида аст. 
Ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф тибқи нақша аз соли 1993 рушд менамояд. Аз ин лаҳза то имрӯз зиёда аз 1800 намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ дар курсҳои таълимӣ ва тренингҳо дар Япония иштирок карданд.
Саҳми муносибати худро Тарҳ доир ба пешниҳод намудани идрорпулиҳо барои омодасозии кадрҳо JDS, (магистратура) тибқи барномаи кумаки грантии японӣ аз соли 2009 мегузарад. 
Барномаи пешниҳод намудани идрорпулиҳо барои рушди захираҳои инсонӣ барои омода кардани кадрҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Дар соҳаи маориф Ҳукумати Япония ҳамчунин ёрии муассиреро дар соҳаҳои сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳаз намудани мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бо технологияҳои муосир мерасонад.
Дар соли 2013 дар Тоҷикистон Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Япония созмон дода шуд. Саҳми фаъоли ин Ҷамъиятро дар рушду таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии миёни халқҳо қайд кардан зарур аст. 
Ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 рушд мекунад. То соли 2013 зиёда аз 50 мутахассисони соҳаи нақлиёт, аз ҷумла хоҷагии роҳ дар муассисаҳои таълимии олии Япония омӯзишҳоро ба итмом расонидаанд.
Аз соли 2006 аз тарафи Ҳукумати Япония чунин тарҳҳои ба монанди азнавсозии  роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён (қисмати 1 ва 2) ва Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ (қисмати 1 ва 2) татбиқ шудаанд. Тарҳи доир ба сохтмони терминали боркашонӣ ва насби системаи ILS ва PALS дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе дар давраи татбиқшавӣ қарор доранд.
Ҳукумати Япония ёрии грантиро барои беҳбудии системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ҷудо менамояд. Аз ҷумла  дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ доир ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Мир Саид Ҳамадонӣ тақрибан 30 ҳазор одам бо оби нӯшокии ҷавобгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ — экологӣ таъмин карда шуданд. То имрӯз Тарҳи такмили системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад.
Ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои тандурустӣ аз соли 2001 дар пайи татбиқи «Барномаи беҳбудии ҳамкорӣ барои зан ва саломатии кӯдак» фаъолона рушд менамояд. Япония ба Тоҷикистон барои татбиқи тарҳ доир ба таҷҳизонидани беморхонаҳои шаҳри Душанбе бо батареяҳои офтобӣ фаъолона инкишоф меёбад.
Айни замон Ҳукумати Япония дар татбиқи тарҳҳои коҳиш додани фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар чаҳорчӯбаи ин тарҳҳо ҳамчунин дар Япония курсҳои таълимӣ барои табибон, хоҳарони шафқат ва момодояҳо ташкил карда мешаванд.
Япония шарики муҳими Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба шумор меравад.
Аз соли 2010 JICA ҳамасола дар Япония курсҳои таълимӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад.
Ҳукумати Япония, ҳамчунин Тарҳи ХАС/К22-ро таҳти унвони «Муқовимат бар зидди гардиши мухаддирот аз Афғонистон аз  тариқи самти шимол бо роҳи тақвияти нерӯи гузаргоҳҳои назоратӣ ва ташкили Дафтарҳои ҳамкории марзӣ» маблағгузорӣ мекунад.
3 марти соли 2015 дар Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар ҳамкорӣ бо Дафтари Намояндагии СММ Созишномаи грантӣ оид ба тарҳи «Мусоидат ба ҳамкории наздимарзӣ аз тариқи мудирияти самараноки марзи Тоҷикистону Афғонистон» ба имзо расид.
Ҳадафи тарҳи мазкур мусоидат ба суботу амнияти ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин дастгирии ҷомеаҳои наздимарзии тоҷикӣ-афғонӣ дар тафсеаи тиҷорати наздимарзӣ аст,  ки он ба тақвияти истиқрор ва субот дар минтақа боис мегардад.
Мушоракати тоҷику японӣ айни замон ба сатҳи сифатан нави инкишофи худ мебарояд. Хусусияти асосии ин давра-таъмиқи минбаъдаи эътимоди тарафайн, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, амалисозии тарҳҳои муштараки иқтисодӣ, таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг мебошад.
Дар маҷмӯъ муносибатҳои миёни Тоҷикистону Японияро метавон мусбат арзёбӣ намуд, ки он дар оянда ба манфиати ҳарду кишвар рушд хоҳад кард. 

 

Октябрь 24, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад