Муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 48,4 фоизро ташкил дод

Октябрь 22, 2015 04:31

Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Тайи  9  моҳи  соли  равон  муомилоти  тиҷорати  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3  миллиаррду  158  миллиону  800 ҳазор  долларро ташкил дод, ки  назар  ба  ҳамин  давраи  соли  2014  баробари 687  миллиону 100  ҳазор  доллар  ё 17,9  фоиз  камтар  аст. 
Мувофиқи  маълумоти  Агентии   омори назди Президенти  ҶТ,  дар  ҳамин  муддат Тоҷикистон  бо 86  кишвари  ҷаҳон,  аз ҷумла  10  кишвари  ИДМ  ва  76  кишвари хориҷи  дур  муносибатҳои тиҷорати   хориҷӣ барқарор  намуд. 
Муомилоти  тиҷорати  хориҷӣ  бо  кишварҳои  ИДМ  48,4  фоиз ва  бо  кишварҳои  хориҷи  дур  51,6  фоизро  ташкил  медиҳад.

Октябрь 22, 2015 04:31

Хабарҳои дигари ин бахш