Муроҷиати беш аз 74 ҳазор шаҳрванд ба Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 12.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Дар 9 моҳи соли 2015 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 74 ҳазору 521 шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 69 ҳазору 015 нафар шифоҳӣ, 605 нафар хаттӣ ва 4901 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.
Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Русия 29 ҳазору 877 шаҳрванди кишвар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, асосан муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (ихроҷ) аз Федератсияи Русия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Русия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кумаку барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.
Ҳоло рӯйхати шаҳрвандони сафарашон ба Федератсияи Русия манъгардида то ҳолати 1 октябри соли 2015 ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ҷойи маҳалли зисти хеш пеш аз сафар ба Федератсияи Русия сафар намудан аз санҷиш гузаранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






