Муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд

Октябрь 29, 2015 05:03

Душанбе, 29.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-«Мо, ҷавонони бисёрҳазорнафараи вилояти  Суғд мулоқоти собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро, ки ҳафтаи гузашта бо мақсади кишварро сиёҳ намудану эҷод кардани дасисаҳо дар назди ташкилоту созмонҳои хориҷӣ баргузор гардид, маҳкум менамоем»,-омадааст дар муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд.
Дар идомаи муроҷиатнома гуфта мешавал:
 Тайи чанд соли охир фаъолияти ҲНИТ характери экстремистӣ пайдо карда, робитаҳое пинҳонӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопокашон бо собиқ аъзои ҳизб, ки дар пояҳои баланди мақомоти давлатӣ адои вазифа менамуданд, барқарор намуда, бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон дар роҳандозӣ кардани ҳадафҳои гурўҳиву фирқавиашон садоқати фарзандии хешро нисбат ба ватан фаромўш намуда, ҳаракат карданд, ки то андозае истиқрору оромиро дар Тоҷикистон вайрон кунанд ва мардуми осудаву ба ояндаи Тоҷикистон бовардоштаро ба таҳлука андозанд. 
Бо мақсади амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои муғризона раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи писари калониаш Руҳуллоҳ ба собиқ генерали хиёнаткору ноҷавонмард, собиқ  муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо (маъруф ба Хоҷӣ Ҳалим)  як миллиону дусад ҳазор доллар маблағ дода, асоси сар задани воқеаи мудҳиши дар моҳи сентябри соли равон рухдодаро гузошт, ки бар асари он чандин корманди бегуноҳу фидокори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Аз ин маълумот пай бурдан мумкин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ фикри табаддулот намуданро  дар ин ҷода бо шеваи роҳандозии маблағҳои калони пулӣ дар сар парварида, ахиран бо ошкор гардидани ин ҳадафи наҷавонмардонааш хиёнати нисбат ба Ватан ва хешу табор анҷомдодаашро бар худ нагирифта, ҳаракат карда истодааст, ки бо лафзбозиву роҳандозии мулоқот дар назди ташкилоти хориҷӣ аз об хушк барояд. Солиёни дароз Муҳиддин Кабирӣ фурсати мувофиқ ҷуста, барои амалӣ гардонидани ин барнома маблағ ҷамъ намуда, онро дар ширкати сохтмонии наздиконаш «Бинокорсервис» нигоҳ медоштааст, ки ахиран ба куҷо равона шудани ин маблағро  пайвандонаш ошкор намуданд. 
Хушбахтона, ҷомеаи бедору озодандеши тоҷик чӣ вазифа ва масъулият доштани аъзои ҲНИТ-ро, ки дар тўли фаъолияташон ба тафриқаандозиву гурўҳсозӣ машғул буданд, пай бурда, онро бо дасти худ дар интихоботи парлумонӣ хат заданд, ки ин боиси соҳиб шудани фоизи ками овозҳо гардид. Ин воқеаи муҳим ишора ба як зина боло рафтани донишҳои сиёсии сокинони кишвар мебошад. 
Ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ бо баҳонаҳои ба ҳамаи сокинони мамлакатамон маълум кишварро тарк намуда, аз берун ба номи баланди миллати тоҷик санг андохта, дар назди бегонагону хоҷагони хориҷиаш вазифаи хизмат ба халқу Ватан ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистонро фаромўш намуда, шаъну шарафи халқи тоҷикро паст зада истодааст. Ин ҳам яке аз шеваҳои кори гурӯҳиву ҳизбии чунин намояндагони беору фарзандони нохалафи халқи тоҷик аст.
Ногуфта намонад, ки «бале»-гўёни Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили Додоҷони Атовулло ва Абдумалик Абдуллоҷонов, сабабгорони асосии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон бо «изҳорот»-у «мавқеъгириҳояшон» моро бефарқ гузошта наметавонанд ва ин ду шахсиятро ҳаммаром, ҳамақида ва ватанфурўшони ин сарзамин медонем.
Мо, ҷавонон аз давлатҳои гуногуни Аврупову Амрико ва ташкилоти байналмилалӣ хоҳиш дорем, ки ин хоинони миллати тоҷикро пуштибонӣ накарда, ба монанди давлати Туркия «кафшашонро  пеш гузоранд». 
Таърихи халқи тоҷик фарзандони қаҳрамонаш ба монанди Шераки қаҳрамон, Спитамони диловар, Темурмалики ҷасур ва даҳҳо родмардони дагарро фаромўш накардааст ва ҳеҷ вақт номи онҳоро фаромўш намекунад. Исми ин родмардон ба сифати парчамбардорону алоқамандони ҷасури Ватан дар ниҳоди мо ҳамеша зинда аст.  Мо имрўз аз ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият фахр мекунем ва намегузорем, ки ба он ҳар нокас осеб расонад.        
Мо, ҷавонони сарбаланди вилояти Суғд бо баёни нафрат ба ҳамин гуна шахсиятҳое, ки ҳадафашон тафриқа андохтан дар миёни мардуми Тоҷикистони воҳид аст, ба ҷавонони ҳушёру бедори миллат муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши ҷавобгў ба талаботи замон, инчунин донистани ҳадафҳои хиёнаткоронаи бегонагон нагузоранд, ки ба руҳияи поки Ватан, ки номаш Тоҷикистони азиз аст, газанд расад. 
Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! 

Октябрь 29, 2015 05:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд