Муроҷиатномаи бонувони шаҳри Душанбе ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мо, занону модарони пойтахти кишвар — Душанбеи азиз чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи кабири Тоҷикистон аз тақдири имрӯзу ояндаи миллати хеш ҳаргиз бетафовут нестем ва нахоҳем буд. Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони биҳиштосоро, ки хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст, ҳаргиз ба дасти бегонагону хурофотпарастон нахоҳем гузошт. Сарвари оқилу фарзонаи мо Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин пешвои имонии мост ва моро дигаре нашояд. Мо дар ҳама кору дар ҳама ихтиёр танҳо ба иродаи созандаи эшон такя хоҳем кард. Бонувони озодаи озодашаҳр — пойтахти тоҷикони ҷаҳон ин марзи муқаддасро, ки мазраи умеду покиву саодат аст, чун гавҳари чашм ҳифз хоҳанд кард. Рӯйдодҳои охири сиёсии кишвар бори дигар исбот намуданд, ки ободиву озодии Тоҷикистони азиз душманони зиёде дорад. Ҷои таассуф аст, ки ин душманон ҳамон ношукрони обу хоки муқаддаси сарзаминанд, ин душманон ҳамон носипосони фазову сафои рӯзгори беҳтаринанд. Мо, бонувону модарони пойтахти азиз — шаҳри Душанбе барои чунин бешарафону беватанон дасти раҳмат намефишорем, рӯи иззат намегузорем, оғӯши ҳиммат намекушоем. Оне, ки бо номи Ҳалим сирати ҷоҳилу золимро дар худ ҷо кардаву зомини хуни чанд қаҳрамони Ватан гардидааст, иншооллоҳ, ки аз ҷазои Худованд бенасиб нахоҳад монд. Ва ононе, ки аз паси разолатҳои Ҳалим камин гирифтаву қасди нооромии Тоҷикистонро доранд, решакан хоҳанд шуд.
Эй мардуми ориёитабори ориёинасаб, хоку оби ин сарзамин соҳиб доранд! Соҳибонаш фарзандони баору номусу миллатанд! Эй мардуми ориёитабори ориёинасаб, рӯзгору зиндагиву комгории мо пешво дорад! Пешвои бебаҳои мо — Ҷаноби олӣ — Эмомалӣ Раҳмон аст! Тоҷикистони мо — соҳибистиқлолу демокративу дунявиву ҳуқуқбунёд аст! Моро сохти дигаре нашояд, зеро ки мо ТОҶИКИ ОРИЁИТАБОРЕМ!!!








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






