Мусобиқоти Тоҷикистон байни наврасон оғоз ёфт

Октябрь 20, 2015 05:13

Душанбе, 20.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  шаҳри  Душанбе қисми  ниҳоии   мусобиқоти  Тоҷикистон  байни  наврасони соли  таваллудашон  1998 -1999  оғоз  ёфт. Дар  мусобиқот  ҳашт  даста,  ки  ба  ду гурӯҳ  тақсим  шудаанд, барои  гирифтани  унвони  дастаи  беҳтарини  ҷумҳурӣ  оид ба  футбол қувваозмоӣ  менамоянд. 
Ба  гурӯҳи  «А»  дастаҳои «Истиқлол» ва Мактаби  ҷумҳуриявии  ҷавонону наврасон,  ҳамчунин  мактабҳои  варзишии футболбозони  ҷавони ноҳияҳои  Ҷаббор  Расулов  ва Норак  ва  ба гурӯҳи  «В»  дастаҳои  футболбозони навраси  ноҳияҳои  Хуҷанд,  Восеъ, Шаҳринав,  ҳамчунин  дастаи  «Адидас» — и  шаҳри  Душанбе  шомиланд.
Ду  дастаи  беҳтарини  ҳар  кадоми  гурӯҳҳо  ба  вохӯрии  нимниҳоӣ  роҳхат  пайдо  мекунанд. 
Вохӯриҳои  асосии  мусобиқот  рӯзи  ҷумъаи  23  октябр  сурат  мегиранд.

Октябрь 20, 2015 05:13

Хабарҳои дигари ин бахш