Нақшаи даъват аз ҷониби комиссариати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи аввал иҷро шуд

Октябрь 2, 2015 03:56

Суғд, 02.10.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз, 1 октябр дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз иҷрои нақшаи даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аввалин шуда, мужда расониданд. Дар ин бора ба АМИТ Ховар масъулин аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд хабар доданд. 
Ба иттилоъ манбаи дар ин рӯз аз аз ноҳия 26 ҷавон ихтиёран барои хизмат дар Артиш номнавис гардида, дар вазъияти тантанавӣ  гуселонида шуданд. 
Инчунин 1 октябр аз шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент низ аввалин даъватшавандагон дар шумораи умумӣ 140 нафар пас аз баргузории чорабинии хотирмони тантанавӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар  гардиданд. 

 

Октябрь 2, 2015 03:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст