Намоишгоҳи амволи Ҳиндустон дар Қӯрғонтеппа

Октябрь 23, 2015 06:42

Қӯрғонтеппа, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз   дар  шаҳри  Қӯрғонтеппаи  вилояти  Хатлон  намоишгоҳи  амволи  Ҳиндустон ба  кор  шурӯъ  кард.
Намоишгоҳ  бо  ибтикори  Палатаи  савдо  ва  саноати  вилоят  ва  дастгирии мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  Хатлон  доир  шудааст. 
Маснуоти  мухталифи  чармин  ва  заргарӣ ба  маъракзи  намоиш  ва  фурӯш гузошта шудааст.  Хоҳишмандон  ҳамчунин  метавонанд, маснуоти  атторӣ ва  маҳсулоти нассоҷиро  харидорӣ  намоянд. 
Намоишгоҳ то  27  октябр  идома  меёбад. Ёдовар  мешавем, ки  дар  шаҳрҳои  Душанбе,  Хуҷанд  ва  Кӯлоб низ  чунин  намоишгоҳҳо  доир  шуда буданд.

Октябрь 23, 2015 06:42

Хабарҳои дигари ин бахш