Намояндагони 35 кишвари олам дар Форуми соҳибкории Душанбе иштирок мекунанд

Октябрь 12, 2015 06:25

Душанбе, 12.09.2014, (АМИТ «Ховар»). — 14 октябри соли равон 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҷуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо мебошад.
Дар Форум роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вакилони Парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор  иштирокдор, аз ҷумла намояндагони 350 ширкату сармоягузорон аз 35 мамолики олам иштирок мекунанд. Дар Форум ширкатҳои бонуфуз, аз ҷумла ширкати масъулияташ маҳдуди сармоягузории Чин, ширкати чиноии  энергетикии Си и Еф си, ширкати байналмилалии Норинко аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкатҳои «Газпромнефт» ва ҶС «Ширкати маъмурии Mеталлинвест» аз Федератсияи Русия,  ширкати байналмилалии КЕСА, ширкати «Big Dutchman ва Ширкати «SASSO»  аз Ҷумҳурии Олмон, ширкати «Zucami» — и Испания, ширкати          «Каникаван — и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ширкати «Crown Agents USA» аз ИМА, ширкати Бинокор — Туркия ва дигарҳо  иштирок хоҳанд кард.

Октябрь 12, 2015 06:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст