Нашри китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост»
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Китобе бо номи «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост» ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе, иборат аз 495 саҳифа ба табъ расид.
Китоби мазкур, ки муаллифи он раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов мебошад, бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии кишвар нашр шудааст.
Дар китоб суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба варзиш зимни мулоқоташ бо сокинони ҳамаи манотиқи кишвар, ҷавонони мамлакат, беҳтарин варзишгарону мураббиён ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳову барномаҳои Ҳукумати кишвар, ки фаъолияти соҳаи варзишро ба танзим медароранд, гирд оварда шудаанд. Инчунин дар китоб дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва сохтмону навсозии иншооти варзишӣ дар кишвар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муфассал иттилоъ дода мешавад.
Дар сарсухани китоб зикр шудааст, ки ба ин соҳаи муҳим, хусусан, баъди барқароршавии сулҳу оромӣ дар кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Дастаи мунтахаби олимпии кишвар шурӯъ аз соли 1996 мустақилона дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. Ба даст овардани се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон бузургтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад, — навиштааст муаллифи китоб.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Бахусус баъд аз вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 доир шуд, аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қариб 2500 толору майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин садҳо иншооти мавҷудаи варзишӣ тармиму таҷдид гардиданд.
Ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, аввалин нусхаи ин китоб ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мавлудаш- 5 октябр туҳфа гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






