Назари Ҳизби демократии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои ошӯбангези моҳи сентябр

Октябрь 7, 2015 12:19

Душанбе, 07.09.2015, (АМИТ «Ховар»).-Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли равон ба нишонии АМИТ «Ховар» изҳороти худро бо чунин мундариҷа пешниҳод кард:
-Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳамеша барои эҷод ва пойдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош меварзад ва то қадре метавонад, дар рушди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор аст. Бар пояи ҳамин раванди солим, мо ҳама гуна зӯроварӣ ва беадолатиро маҳкум менамоем. Ҳамчунин ба ҳама равишҳои сулҳофаринӣ ҳамфикр ва пайванд хоҳем буд.
ҲДТ  барои эҷоди давлати демократию ҳуқуқбунёд талош меварзад ва роҳҳои бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ ва пойбандӣ ба қонунро аз принсипҳои аслии худ медонад. 
Воқеаҳои нохуши моҳи гузашта бори дигар фазои сиёсии мамлакатро ғуборолуд карданд ва дар пайи он рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ  Суди Олии ҶТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремист-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Ҳоло ин масъала яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад. Дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем. Матбуот рӯзҳои охир дар бораи ҳамдастии роҳбарони ҲНИТ ба гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯ маълумот пахш мекунад. Табиист, ки бо дарёфти чунин маълумот ва фаъолияти барои низоми давлатдорӣ хатарзо ҳар гуна ҳизбу созмон ё гурӯҳи алоҳида саркӯбу нобуд  мешавад, зеро пешгирӣ аз сар задани ҳар гуна нооромӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии мамлакат мебошад. 
ҲДТ низ дар навбати худ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд. Дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст. То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст.
Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст. 
ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ оғоз шуда, ҳазоронро кушта, садҳо ҳазор нафарро бехонумону овора кардааст, иқдомҳои ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад. 

                Раиси 
Ҳизби Демократи Тоҷикистон Сайидҷаъфар  Исмонов

Октябрь 7, 2015 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад