Поксозии Рамодӣ аз дасти террористон

Октябрь 12, 2015 03:52

Душанбе, 12.10.2015, (АМИТ «Ховар»).  Ибтидо аз рўзи шурўи амалиёти низомӣ дар шаҳри Рамодӣ қувваҳои низомии ин шаҳр ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд. Тибқи гуфтаи Зиёд Дайламӣ, фармондеҳи қувваҳои мардумии Ироқ, дар вилояти Анбори ин кишвар беш аз 150 аъзои ДИИШ ва 80 дар сади силоҳҳои вобаста ба онҳоро   нобуд сохтаанд.
Дайламӣ меафзояд: «Қувваҳои мардумӣ ба бисёр пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, ки қариб тамоми силоҳҳои дифоъӣ ва ҳуҷумии  ДИИШ-ро  ба хок яксон карданд». 
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳанўз панҷ рўз пеш қувваҳои мардумӣ ба хотири поксозии шаҳри Рамодии вилояти Анбори Ироқ амалиёти низомӣ анҷом доданд.

 

Октябрь 12, 2015 03:52

Хабарҳои дигари ин бахш