Рӯзи забон дар саросари Тоҷикистон таҷлил мешавад

Октябрь 2, 2015 05:38

Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). —  5  октябр  дар  саросари  Тоҷикистон Рӯзи  забони  давлатӣ  таҷлил  мешавад. Дар  ин  рӯз  чорабиниҳои  идона  дар Боғи  устод  Рӯдакӣ,  боғҳои «Дӯстии  халқҳо»,  Айнӣ ва  дар  майдони ба  номи 800 — солагии  Маскав роҳандозӣ  мешаванд. Дар  ҳамаи чорабиниҳои зикршуда  кормандони  Кумитаи  забон ва  истилоҳоти  назди  Ҳукумати  ҶТ иштирок  намуда, бо  аҳолӣ  дар  бораи  аҳамияти ҳифзи  забони  давлатӣ  ва  дастоварду дигар масоили  ин  бахш  суҳбат  мекунанд.
30  сентябр  дар Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  ба  ифтихори  6 — умин солгарди  рӯзи  қабули  Қонуни  нави ҶТ «Дар  бораи  забони  давлатӣ» конфронси  ҷумҳуриявӣ  дар  мавзӯи  «Номҳои ҷуғрофии маҳалҳои  ҷумҳурӣ дар  асоси истилоҳоти нав» баргузор  гардид, ки дар  он  намояндагони  Ҳукумат, Парлумони  кишвар, Академияи  илмҳо,  омӯзгорон ва донишҷӯёни Институти  забон  ва  адабиёти  Академияи  илмҳо  ширкат  доштанд.
Ёдовар  мешавем, ки  5  октябри соли  2009 Президенти  кишвар лоиҳаи қонун  «Дар  бораи  забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба  имзо расонида буд.  21  июли  соли  2010  Сарвари  давлат  Қонун  дар  бораи  ворид намудани  ислоҳот ба қонун  «Дар  бораи  рӯзҳои  ид» ва Кодекси  меҳнатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  имзо  намуд. 
Мутобиқи  ислоҳоти санадҳои қонунгузории  зикршуда ҳар  сол 5  октябр  дар  Тоҷикистон Рӯзи  забони  давлатӣ  таҷлил  мешавад. 
Ёдовар  мешавем, ки  қаблан  Рӯзи  забони  давлатӣ ҳар  сол  дар  кишвар  22  июл,  яъне  дар  рӯзи  қабули қонуни  пештара «Дар  бораи  забони давлатӣ»  таҷлил  мешуд.

Октябрь 2, 2015 05:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст