Раҳмонзода Усмон Сабз: «Ба Ҳисор мақоми шаҳр додан ваколати мақомоти олист»
Душанбе,17.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Охири моҳи октябр дар Тоҷикистон ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мешавад. Дар остонаи ин ҷашни фархунда хабарнигори «Ховар» бо Раҳмонзода Усмон Сабз-раиси ноҳияи Ҳисор мусоҳиба анҷом дод, ки он фарогири масоили марбут ба омодагиҳо ба ин ҷашни пуршукӯҳ аст:
«Ховар»: Муҳтарам Раҳмонзода Усмон Сабз, то ҷашни 3000-солагии Ҳисор рӯзҳои башумор мондаанд. Бигўед, ки омодагӣ ба ин санаи таърихӣ дар кадом сатҳ аст?
Раҳмонзода: —Омодагиҳо ба ҷашни мубораки 3000-солагии Ҳисор дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор», «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор», инчунин дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2015», «Дар бораи тасдиқ намудани тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода амалӣ гашта истодаанд. Ногуфта намонад, ки аз рӯзи эълон шудани ҷашн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 октябри соли 2013 бо фаъолони ноҳия машварати корӣ доир намуда, барои амалӣ кардани ин ташаббуси наҷиб дастурҳои ҳалкунанда доданд. Инчунин ҳангоми сафарҳои кории худ Сарвари давлат 20 июли соли 2013, 1 марти соли 2014 ,1 июли соли 2014 ,15 августи соли 2014, 23 августи соли 2015 дар баробари бо вазъи ноҳия шинос шудан, доир ба тезонидан ва бо сифати баланд иҷро кардани дастуру супоришҳои худ ба кумитаи тадорукоти ҷашн роҳҳои ҳалли масъалаҳоро нишон доданд. Дар ин муддат Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо роҳбарии Сарвазири мамлакат 11 ҷаласаи сайёри кумитаро дар ноҳия гузаронида, барои амалӣ кардани ташаббуси таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кумаки амалӣ расонид. Дар баробари ин дар назди муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, Азим Иброҳим, собиқ муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, назди ёварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор гузаронида шуданд.
Ҳамаи ин имконият дод, ки омодагиҳо ба ҷашн дар сатҳи зарурӣ амалӣ шаванд.
«Ховар»: Дар остонаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор чӣ теъдод аз иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешавад ва онҳо дорои кадом таъйинотанд?
Раҳмонзода: Бо ташаббуси Сарвари давлат дар байни се соли охир варзишгоҳ бо 20 000 ҷойи нишаст, Мактаби президентӣ барои 640 хонанда, Кохи фарҳангии дорои 720 ҷойи нишаст, беморхона бо 720 кат, Китобхона, Осорхона бунёд гашта, Қалъаи таърихии Ҳисор таъмир ва тармим гардид. Ноҳия солҳои тӯлонӣ аз нарасидани оби ошомиданӣ ва хатти ташноб азият мекашид. Ба муносибати ҷашн хатти нави обу ташноб кашида шуда, барқи ноҳия бо шабакаи нави барқтақсимкунии 220 квт. пайваст шуд ва дар шаҳраки Ҳисор зеристгоҳи нав ба кор сар кард. Омода шудани иншооти кумакрасони хатти обу ташноб ва барқ имкон медиҳад дар ноҳия сохтмону бунёдкориҳо суръати баланд пайдо кунанд. Роҳи нав дар масофаи 2,7 км аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода то маркази ноҳия бо насби тамоми инфрасохтор ба истифода дода шуд.
Дар ҷавоби ташаббуси наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил шуда, барои истиқболи сазовори ҷашн 450 рӯзи ободонӣ эълон гардид, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия барои ба истифода додани 411 иншооти хурду бузурги таъйиноти гуногун камари ҳиммат бастанд. То имрӯз Чойхонаи муҳташами миллӣ бо номи «Харбуза», иншооти хизматрасонӣ дар деҳаи Даҳбед, аз нав сохтани роҳҳои дохили шаҳраки Ҳисор ва таъмири роҳ то Қалъаи Ҳисор дар масофаи 25 км, таъмир ва тармими зиёда аз 200 км роҳҳои дохилии ноҳия, ба истифода додани 4 меҳмонхона, чандин бунгоҳи тиббӣ, пулҳо, таъмири роҳҳо, кандани чоҳҳои об, дар маҷмӯъ 252 иншоот бунёд гашт ва боқимонда 159 адад дар арафаи анҷомёбист.
«Ховар»: Иншооти ҷашнӣ аз ҷониби кадом ширкатҳои сохтмонӣ бунёд мегарданд?
Раҳмонзода: Иншооти калонҳаҷмро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд ва дигар иншоот аз ҷониби соҳибкорон сохта шуданд.
«Ховар»: Нақши соҳибкорон ва сокинони ноҳияро дар сохтмону таҷдиди иншооти ҷашнӣ ва корҳои созандагию ободонӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Раҳмонзода: Дар боло доир ба хизмати соҳибкорон ишора кардам, аммо аз касе номбар накардам. Ин сабаб дорад. Мо ба ҳар соҳибкоре, ки муроҷиат кардем, суханамонро дар замин нагузошт ва баъди анҷоми маъракаи омодагӣ ба ҷашн, албатта, дар бораи саҳми ҳар яки онҳо алоҳида мегӯем ва қадрдонӣ ҳам мекунем. Ногуфта намонад, ки аксари соҳибкорон таърифу тавсифро хуш надоранд, аммо таърихи Ҳисор чунин муташаккилиро кам дидааст.
«Ховар»: Оё бӯҳрони молиявӣ ба ҷараёни сохтмонҳои иншооти ҷашнӣ таъсир расонид?
Раҳмонзода: Албатта, бе таъсир набуд. Ҳатто як зумра соҳибкорон ҳаваси дили худро шикаста натавонистанд ва итминон дорем, ки дар оянда подоши онро мебароранд.
«Ховар»: Дар саҳифаҳои таърих Ҳисор ҳамчун шаҳр зикр шудааст, аммо имрӯз ноҳия ном бурда мешавад. Оё дар остонаи ҷашн ба Ҳисор мақоми шаҳр дода мешавад?
Раҳмонзода: Ҳисорро ҳанӯз Ал- Муқаддасӣ ва муаллифи «Ҳудуд-ул олам» ва пеш аз онҳо сайёҳони Чин шаҳр гуфтаанд. Суханони «Шумон шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург ва аз вай заъфарон хезад бисёр» ба муаллифи «Ҳудуд-ул олам» мансуб бошад. Ал Муқаддасӣ менависад: «Шумон аз уммаҳот (модари шаҳрҳои минтақа) аст ва ниҳоят ободу зебост». Имрӯз Ҳисор ноҳияи назди пойтахт аст ва то шаҳри Душанбеи барои ҳамаи мо азиз бо шоҳроҳҳои нав дар даҳ-понздаҳ дақиқа расидан имкон дорад. Мақоми шаҳр додан ба Ҳисор ваколати мақомоти қонунгузории олӣ аст, на кори мо. Мақсади мо ин мавзеъҳои таърихию фарҳангиро боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон дидан аст.
«Ховар»: Мардуми Ҳисор аз қадим маърифатпарвар аст, мегуфтед, ки олимону адибони Ҳисор ин ҷашнро бо чӣ дастовез истиқбол менамоянд?
Раҳмонзода: Ман ин ҷо танҳо чорабиниҳои гузаронидашуда ва рӯйхати асарҳои ба ин муносибат чопшударо манзуратон мекунам, то худатон хулоса бароред. Бахшида ба 3000-солагии Ҳисор дар байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ноҳия озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Рассоми мониқалам», «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи «Ҳисор- қадамгоҳи бузургон», озмуни «Ғунчаҳои адаб», викторинаи “Таърихи Ҳисор- пайвасти таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва ғайра гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Барои дастгирии маънавии таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор Маҷлиси вакилони халқи ноҳия маҷаллаи рангаи «Ҳисори зарнисор»-ро таъсис дод ва аз соли 2011 то имрўз 12 шумораи он ба табъ расид.
Дар ҳафтаномаи ноҳиявии «Ҳисори Шодмон» ва маҷаллаи «Маорифи Ҳисор», дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ маводи сершумор ба табъ расида, ба воситаи шабакаҳои радио ва телевизион барнома ва суҳбату гузоришҳо пешкаши шунавандагону бинандагон шуданд. Қисми аввали филми мустанади «Мулки зарнисор» ба навор гирифта шуд. Дар баробари ин бахшида ба ҷашн 35 номгӯй китоб ба дасти хонандагон расид. Аз ҷумла, китобҳои М. Ҳотам «Ҳисор дар бомдоди таърих», Ф.Азиз. С.Одина «Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон», Р.Муқимов, У.Сабз «Арихитектурные памятники Гиссарской долины», Салоҳиддини Садриддин «Номи диёр-таърихи диёр», «Ҳисори сухан» (мураттиб Ҳ.Раҳмонӣ), «Ҳисори зарнисори ман» (мураттиб С.Одина), Султонмуроди Одина «Наврӯзи Ҳисор омад», Шарифов Ф. «Таърихи Ҳисор», Ворис «Тазкираи Ворис», Фирдавс Одина «Қудуми файзбор», Султонмуроди Одина «Талош», «Куҳандиёр» ( мураттиб С.Одина), Зафари Дӯст «От зароастрийского Шумана до Хисора Шодмон», Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор ( мураттиб С.Одина), Х.Тағоев «Субҳи Ҳисор» (адвор), Ҳ.Назаралӣ «Лабханди Ҳидоятуллоҳ», Ҳ.Назаралӣ «Ҷавҳари мардумӣ», Усмон Сабз «Меҳри диёр», Раҳмонзода У.С. «Эй дўст, биё, Ҳисори худ шаҳр кунем», «Суханҳои роҳнамо», А.Мухторов «Таърихи Ҳисор», «Донишномаи Ҳисор» (муҳаррир ва мураттибон С.Одина, Ҳ.Назаралӣ, А.Ҳамдамӣ, Ф.Азиз), «Тараннуми Ҳисор» (шеърҳо ба васфи Ҳисор, мураттиб Ҳ.Раҳмонӣ), Расулӣ Саидмурод «Ҳикояҳои тарҷума», Атахонов Т.М. «Археологическая карта Таджикистана. Гиссарская долина», «Девони ғазалиёти Ҷазбии Ҳисорӣ» ( мураттиб Сайфиддин Акрами Тӯдаӣ), С.Сатторӣ «Мамлӯъ аз ишқ», Ф. Азиз «Гирдоби ҳаёт» (маҷмӯаи ҳикояҳо), «Роҳнамои Ҳисор» бо се забон ва чор ҳуруф, Д.Бердиев «Муҳаққиқони таърих ва тамаддуни Ҳисор», Ҳ.Назаралӣ «Лутфҳои донишномасозӣ», Ҳ.Назаралӣ, С.Одина, А.Ҳамдамӣ «Ҳисорам мешавад обод», У.Раҳмонзода «Суханони созанда», албоми «Ҳисор» бо фарогирии 500 расму ҳуҷҷатҳои бозгӯйи таърихи диёр бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ) ва ғайраҳо дар давраи омодагиҳо ба ҷашн ба табъ расонида шуданд.
Ногуфта намонад, ки танҳо китобҳои А.Мухторов «Таърихи Ҳисор» ва «Донишномаи Ҳисор» аз буҷаи маҳаллӣ ба табъ расида, асарҳои боқимонда бо дастгирии хоҷагию ташкилот ва муассисаҳои ноҳия рӯйи чопро диданд ва туҳфаи арзандае ба аҳли диёру меҳмонони муҳтарам буда, муҳимтар аз ҳама, бозгӯяндаи таърихи ғании Ҳисор ва Тоҷикистони азиз дар даврони истиқлолияти давлатӣ мебошанд ва васфи диёри ҳамешабаҳори ваҳдатмаконро мекунанд.
«Ховар»: Ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор оё аз хориҷи кишвар меҳмонҳо, хусусан тоҷикони бурунмарзӣ даъват гардидаанд?
Раҳмонзода: Ба ин муносибат тибқи нақшаи чорабиниҳо дар арафаи ҷашн гузаронидани ҳамоиши байналмилалӣ дар назар дошта шуда. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия онро хоҳанд гузаронид. Меҳмонон даъват шудаанд ва иштироки шумораи зиёди олимонро аз кишварҳои гуногун интизорем.
«Ховар»: Дар шоҳроҳу даромадгоҳ ва кӯчаҳои Ҳисор навиштаҷоте ба чашм мерасанд, ки бо мазмуни баланду ҳикматомӯзии худ таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб менамоянд, ба мисли «Меҳмоно, бар Ҳисори шодмон, хуш омадӣ!» ва ғайра. Бигўед, ки ташкил намудани чунин навиштаҷот идеяи кист?
Раҳмонзода: Дар ноҳияи Ҳисор бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон /ИНТ/ амал мекунад, ки 9 аъзои ИНТ-ро муттаҳид мекунад, дар назди он маҳфили «Истеъдод» беш аз 40 ҳаваскори суханро дар бар мегирад, 22 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ноҳия зиндагӣ ва кор мекунанд, рӯзномаи ноҳиявии «Ҳисори шодмон», маҷаллаҳои «Ҳисори зарнисор» ва «Маорифи Ҳисор» мунтазам нашр мешаванд. Хулоса, дар ноҳия захираи зеҳнии пурқувват мавҷуд аст. Мо ба онҳо муроҷиат кардем, ки каме қолабшиканӣ кунанд. Охир, ҳамон навиштаҷоти хуби «Хуш омадед!» ва «Роҳи сафед» ҳарчанд хубанд, аммо таъбирҳои офаридаи мо нишонрастар ба назар мерасанд. Барои мисол чандеи онҳоро бароятон меорам:
БАРОИ ТАХТАИ ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОН:
Меҳмон, хуш омадӣ, бикшо дарамро бо умед,
Бо ниятҳои накӯву бо дили поки сафед!
***
Бо ниятҳои накӯ хуш омадӣ, эй меҳмон,
Ту мусофир нестӣ андар Ҳисори Шодмон!
БАРОИ ТАХТАИ ХАЙРБОД:
Бар Душанбе меравӣ, бар пойтахти тоҷикон,
Тинҷ рав, баргард солим назди аҳли хонадон!
***
Меҳмоно, хуш бирав, роҳат сафед,
Боз бар дидори ту дорем умед!
***
Бар Душанбе меравӣ, солим бирас, роҳат сафед,
Корат омад мекунад, эй ҷон, ба ин дорем умед!
Мусоҳиб Марзия Саидзода хабарнигори АМИТ «Ховар».