Рушди туризми мактабӣ ва фарогирии мардум ба захираҳои туристии кишвар

Октябрь 27, 2015 04:28

Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷашни 3000 — солагии Хисори шодмон, саёҳати хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни риштаи туризми муассисаҳои олии мамлакат ба Қалъаи Ҳисор доир шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, саёҳати мазкур баҳри муаррифии захираҳои туристии кишвар ва шиносоии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон бо таъриху фарҳанг ва расму оинҳои миллии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ташкил шуд. 
Ёдрас мешавем, ки рушди туризми дохилӣ ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидати бештар дорад.

Октябрь 27, 2015 04:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст