Сафири Қазоқистон: Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат иқтидори инвеститсионӣ вуҷуд дорад

Октябрь 10, 2015 05:43

      
Душанбе,10.10.2015.(АМИТ«Ховар»).-Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар мамлакат бахшида ба рӯзи соҳибкорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000» оид ба нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид, ки дар он намояндагони вазорат, доираи васеи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони сафоратҳои кишвар,  дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Бонки Осиёи Рушд (БОР), роҳбари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (БРСММ) ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Неъматулло Ҳикматуллозода-вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар соҳибкориро аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ номида, афзуд, ки дар ин самт дастгирии  фаъолияти доираҳои соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад: «Мақсади Анҷумани мазкур  низ ташкили шароити мусоид барои муколамаву шиносоӣ, густариши ҳамкорӣ ва дастгирии муносибатҳо байни  намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ дар маҳал ва сармоягузорони  хориҷӣ ва дар ин замина таҳияи пешниҳодҳо барои мукаммалгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии  фаъолияти минтақаҳо ҷиҳати ҳалли камбудиҳои мавҷуда мебошад»,-иброз дошт  вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни баргузории анҷумани мазкур. Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамчунин  иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ба роҳ мондани барномаи рушди маҳал  аз дастовардҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, он барои ҷалби сармоя, рушди савдо ва саноати дохилии давлат мусоидат намуд.

«Дар давоми солҳои охир  СММ   бо  вазоратҳои  Тоҷикистон барои омода кардани нақшаи барномаи  рушди маҳал  дар вилоятҳо ва минтақаҳо  ҳамкорӣ намуд, ки баъд аз он бо аҳолӣ машваратҳо анҷом дода шуданд»,-иброз дошт Норимаса Шимомура-роҳбари минтақавии БРСММ дар Тоҷикистон.  Номбурда афзуд, ки  баргузории Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000»  имконияти хубест барои шарикони ҳавасманд ҷиҳати муайян намудани  имкониятҳо, ки аллакай дар мамлакат мавҷуданд ва  роҳҳои беҳтар истифода намудани ин имкониятҳо дар самти беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ. 

Си Си Ю-намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон   дар робита ба рушди  иқтисодии  кишвар  ва  дастгирии Ҳукумати мамлакат барои  амалӣ гаштани лоиҳаву инфрасохторҳои созанда иброз дошт, ки  Тоҷикистон  бо доштани  мавзеъҳои таърихие, чун Ҳисор  созмонҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии рушдро ҳушдор медиҳад, то ин маданияти таърихиро ба сифати  рушди иқтисодии кишвар истифода  баранд: «Вақти он расидааст, ки на танҳо дар бораи инфрасохтор андеша кунем, балки БОР дар    баробари  ин  Тоҷикистонро  дар  роҳи рушди устувори иқтисод ва ҳамчунин таъмини ҷойҳои нави корӣ бо музди зиёди корӣ дастгирии ҳамаҷониба мекунад»,-афзуд намояндаи БОР. Си Си Ю ҳамчунин таъкид дошт, ки БОР Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   гузаронидани ислоҳот ва амалӣ гаштани  фазои инвеститсионӣ, хусусан  андозбандӣ, ҳимояи фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайраҳо  идома медиҳад. 

Котиби аввали Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  Олег Жуков  ба 3000-солагии Ҳисор бахшидани  Анҷумани иқтисодии байналмилалиро  бамаврид ва мувофиқ номид, зеро ба гуфтаи  номбурда: «шаҳри бостонии Ҳисор  дар чорроҳае қарор дошт, ки  шарқу ғарб ва шимолу  ҷанубро  бо ҳам пайваст намуда, маҳз тавассути  ин роҳ маҳсулот аз  Русияи бостонӣ ба Шарқ оварда мешуд ва молҳои Шарқ ба Русия интиқол дода мешуданд». Олег Жуков  ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар самти рушди иқтисодӣ самаранок арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки гардиши тиҷоратии  Тоҷикистону  Русия  1 млрд 250 млн долларро ташкил медиҳад, ки  ин нишондод ба 30%-и гардиши тиҷоратии кишвар баробар аст. «Мо Тоҷикистонро шарики дерина ва  боэътимоди Русия  дар самти  ҳамкорӣ меҳисобем»,-афзуд номбурда.

«Баъди шиносоӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Турсунзодаву Ҳисор мо бори дигар бовар ҳосил намудем, ки  дар Тоҷикистон дар ҳақиқат иқтидори инвеститсионӣ вуҷуд дорад»,-таъкид намуд  Агибой Смагулов-сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон. Ба гуфтаи номбурда барои боз ҳам тақвият додани ҳамкории ду кишвар дар самти тиҷорат қарор аст  ин намояндаи сафорат аз дигар хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсоливу кишоварзии  Ҳисори бостон дидан намояд.

 

 

Дар робита ба барномаи рушди маҳал дар Тоҷикистон  Виктор Никитюк-сафири  Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон  иброз  дошт, ки   чунин барнома натиҷаҳои мушаххас ва имконоти хуб дошта, баргузории Анҷумани  иқтисодии  байналмилалӣ майдони хуб барои муколамаи намояндагони Ҳукумат ва доираи соҳибкорони ватанию хориҷӣ мебошад. 

Бояд гуфт, ки соҳибкорӣ  аз бахшҳои афзалиятноки кишвар буда, дар пешрафт ва рушди иқтисодии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2014 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи соҳибкор» ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбари давлат нисбат ба ин бахши кишвар шаҳодат медиҳад.

Октябрь 10, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст