Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи фавти тифли панҷмоҳаи муҳоҷири кории тоҷикро таҳти назорат ва пайгирӣ қарор додааст

Октябрь 17, 2015 07:34

Душанбе, 17.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомиддин Сатторов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  ки  аз рӯзи 13-уми октябр  ин ҷониб  роҳбарият ва кормандони сафорати Тоҷикистон, консулгарии ифтихории мо дар Санкт-Петербург ва намояндагиҳои дигар вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи фавтидани тифли панҷмоҳаи муҳоҷири кориро таҳти назорат ва пайгирӣ қарор додаанд.  
Ҳоло риояи ҳолатҳои ҳуқуқии ҳодисаи аз модар ҷудо кардани тифли ширхор ва ба  ҳалокат расидани кӯдак  аз тарафи мақомоти дахлдори Русия мавриди санҷиш қарор дорад. 
Сафири Тоҷикистон дар Русия  изҳори умед намуд, ки тафтиши ин қазия мунсифона ва бо риояи талаботи қонун ҷараён мегирад.  
Хотиррасон мекунем, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба ҳодисаи фавтидани тифли 5 моҳаи оилаи муҳоҷири корӣ нотаи эътирозӣ ирсол намуд. 
Тавре ки иттилоъ дода мешавад, 13-уми октябри соли равон кормандони Раёсати ХФМ  (Хадамоти федеролии муҳоҷират)-и Федератсияи Русия зану шавҳар — шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои будубоши муҳоҷирони корӣ боздошт карда, ба бинои шуъбаи 1-уми корҳои дохилии ноҳияи Адмиралтейски шаҳри Санкт-Петербург интиқол медиҳанд.
Ҳамроҳ бо ин оилаи ҷавон фарзанди онҳо Назаров Умаралии 5 моҳа низ буд. Кормандони ХФМ ФР бе ҳуҷҷатгузории зарурӣ шаҳрвандони Тоҷикистон Назаров Далер ва Юнусова Зарринаро дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта, фарзанди панҷмоҳаи онҳоро, ки ба нигоҳубин ниёз дошт, аз модар ҷудо мекунанд. 
Худи ҳамон рӯз ин шаҳрвандони Тоҷикистонро ба идораи суд, барои баррасии «вайрон шудани қоидаҳои мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ» мебаранд. Бо гузашти зиёда аз панҷ соат суд ҳукм содир мекунад, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби худашон аз ҳудуди маъмурӣ хориҷ гарданд.
Пас аз ин Юнусова Заррина барои гирифтани тифли худ ба шуъбаи корҳои дохилӣ, ки он ҷо кӯдаки панҷмоҳаашро аз дасташ гирифта буданд, меравад. Аммо дар шуъбаи корҳои дохилӣ ба ӯ дар баргардонида додани кӯдак мусоидат намекунанд ва дар мавриди он ки кӯдак дар куҷо қарор дорад, маълумот низ намедиҳанд. Танҳо рӯзи дигар аз идораи пулис ба Юнусова Заррина занг зада, хабар медиҳанд, ки тифлаш фавтидааст.

 

Октябрь 17, 2015 07:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд