Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон марзи суботи нисфи ҷаҳон аст
Душанбе, 07.09.2015, (АМИТ «Ховар»). – Рӯзҳои 1-3-юми октябри соли равон бо ташаббуси Институти тадқиқоти стратегии Афғонистон ва дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон Анҷумани панҷуми «Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот» баргузор гардид, ки дар он намояндагони баландпоя аз кишварҳои Русия, Фаронса, Амрико, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва мамлакатҳову созмонҳо ва ташкилоти ҷаҳониву минтақавӣ иштирок доштанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо, ки дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар анҷумани «Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот» сухан гуфт, суҳбат баргузор намуд.
Амният фақат як чорабинии ҳарбӣ-низомӣ нест
АМИТ «Ховар»: Дар анҷумани мазкур кадом масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, иштирокдорони анҷуман кадом нуктаҳои муҳими амниятиро дар ин ҳамоиш ҳамчун маҳаки асосӣ қабул карданд?
Абдуллои Раҳнамо: Бояд гӯям, ки дар ин анҷуман онҳое, ки дар соҳаи сиёсату амният таҷрибаи калон доранд, аз ҷумлаи сиёсатмадорон, собиқ вазирон, сафирон, генералҳо иштирок карда, масъалаи на танҳо амнияти Афғонистон, балки набзи амниятии минтақаро дар як фазои ҷиддии илмӣ баррасӣ карданд. Иштирокдорон нисбат ба амният дидгоҳи нав ҷорӣ карданд ва муайян карданд, ки амният фақат як чорабинии ҳарбӣ-низомӣ ва нигоҳ доштани тартибот набудааст. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки тамоми ҷаҳон бо муосиртарин силоҳу аслиҳа муддати 15 сол дар ҳудуди Афғонистон қарор гирифт, вале амният дар ин кишвар таъмин нашуд. Аз ин мебарояд, ки амният як чизи бештар аз мафҳуми ҳарбӣ-низомӣ будааст. Амнияти арзишҳо, фарҳангҳо, муносибатҳо, шинохтҳою тафаккурҳо низ муҳим будааст. Ин як дидгоҳи ҷомеъ нисбат ба мафҳуми амният буд, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Тағйири ҷуғрофиёи субот ва бесуботӣ низ боиси баҳси ҷиддӣ дар анҷумани Ҳирот гардид. Намояндагони кишварҳои Аврупо ва Осиё зикр карданд, ки барои интиқол додани ҳавзаи ноамниву бесуботӣ аз ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар барномаҳои алоҳида таҳия ва тарҳрезӣ шудаанд. Бояд зикр кард, ки вақте шимоли Афғонистон ноамн мешавад, ин ноамнӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Эрон, ба умқҳои стратегии Русия доман паҳн мекунад. Бинобар ҳамин аз ҷануб якбора ба шимоли Афғонистон интиқол ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ ҳамчун тағйироти ҷиддӣ дар ҷуғрофиёи амнияти минтақа баҳогузорӣ шуд.
Тасмими модарони аврупоӣ барои наҷоти фарзандон аз тафаккури ифротгароӣ
Таҷрибаи амалии кор бурдан бо ифротгароён аз дигар мавзӯъҳое буд ки дар анҷумани Ҳирот таҳлил шуд. Вобаста ба ин модароне, ки аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла аз Ҳоланд ва Фаронса ба анҷуман омада буданд ва фарзандони ин модарон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ қурбон шуда буданд, суханронӣ карда гуфтанд, ки онҳо ташкилоте бо номи «Мактаби Модар» — «Mother School» таъсис доданд. Ин модарон таҷрибаи худро дар хусуси он ки чӣ тавр фарзандони онҳо ба тафаккури ифротгароӣ дода шуданд, нақл карданд ва таъкид карданд, ки барои инсон наздиктарин шахс модар аст, бинобар ҳамин онҳо мехоҳанд таҷрибаи талхи худро ба дигар модарон бигӯянд ва бо онҳо кор кунанд, то ин ки модарон фарзандони худро аз қурбонии ифротгароӣ шудан нигоҳ доранд ва аз ин бало наҷот диҳанд.
АМИТ «Ховар»: Иштирокдорони анҷуман ин тасмими модарони аврупоиро чӣ гуна қабул карданд?
Абдуллои Раҳнамо: Хеле хуб. Аз ҷумла мо пешниҳод дорем, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шавад. Модарон ва аҳли оилаи он касоне, ки фарзандону пайвандонашон аз бехабарӣ ва гумроҳӣ қурбони тафаккури ифротгароён шуда, ҷони худро дар ҷангҳои Сурия аз даст додаанд, бо ҳам оянд ва барои гирифтор нашудани дигарон ба чанги ин «вабои аср» ба гуфтугӯву нишастҳо мусоидат кунанд.
Субот — муҳимтар аз арзишҳои демократия ва ҳуқуқи башар
АМИТ «Ховар»: Вобаста ба суботу амният ва роҳҳои нигоҳдошти он боз чӣ назару андешаҳо баён шуданд?
Абдуллои Раҳнамо: Муҳимтарин нуктае, ки иштирокдорони анҷумани Ҳирот дарк карданд ва изҳор намуданд, ҳамин буд, ки дар замони муосир амният ва субот хеле муҳимтар аз арзишҳои маъмуле, мисли либерализм, демократия ва ҳуқуқи башар мебошанд. Имрӯз сиёсат ҳолати амниятмеҳварӣ мегирад, зеро агар девори амният рахна ёбад ва амният барҳам хӯрад, дигар дар бораи ягон арзиш — на либерализм, на демократия, на ҳуқуқи башар, на ислоҳот ва на пешрафту оянда ҳеҷ сухане наметавон гуфт.
Ҳоло ҳифзи давлат, ҳифзи амният, ҳифзи субот ба масъалаи рақами 1 табдил шудааст. Ҳама аҳли нишасти анҷуман, ҳатто намояндагони кишварҳои Аврупо эътироф карданд, ки сиёсати кишварҳое, мисли Тоҷикистон, ки суботу амниятро дар ҷойи аввал гузоштааст, дуруст ва саривақтӣ мебошад, зеро аслу заминаи баргузории ҳама гуна арзишҳои дар боло ишорашуда амният ва субот аст.
Ба ҳокимият расидани гурӯҳҳову ҳизбҳои исломӣ боиси низоъ дар ҷомеа мегардад
АМИТ «Ховар»: Гуфтед, ки дар анҷуман собиқ роҳбарони ҳаракатҳои исломӣ низ иштирок доштанд. Нуқтаи назари онҳо нисбат ба ҳаракатҳои исломӣ чӣ гуна буд?
Абдуллои Раҳнамо: Бале, дар анҷуман доктор Ҳилбовӣ, устоди ҳамаи ихвониҳо, шахсе, ки 60 соли умри худро дар фаъолият ва роҳбарии созмони «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср сарф кардааст, иштирок дошт ва гуфт, ки Мурсӣ, ки дар ҳалқаҳои дарсии ман бузург шуда буд, дар пеши чашми ман аз як шогирд ба диктатор мубаддал гашт. Номбурда дар тавзеҳи ин сухани худ аз таҷрибаи ба сари ҳукумат омадани ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср нақл карда гуфт, вақте ки ихвониҳо ба ҳукумат расиданд, хостанд қонуне ҷорӣ кунанд, ки тибқи он аз аҳолии ғайримусулмони Миср ҷизя – боҷи давлатӣ ситонида шавад. 9 фоизи сокинони Мисрро қибтиҳо ва масеҳиҳо ташкил мекунанд ва бо ин қонуни худ ихвониҳо 9 фоизи аҳолиро ба худ мухолиф карданд. Доктор Ҳилбовӣ таҷрибаи чӣ гуна шикаст хурдани исломиҳоро дар ҳукуматдорӣ дар Миср муаррифӣ намуда, зикр кард, ки гурӯҳи исломӣ наметавонад дар ҷомеаи муосир гурӯҳи ҳоким бошад, зеро вақте ин гурӯҳ меъёрҳои мазҳабиро ба қонун табдил медиҳад, дигар қишрҳои ҷомеа аз доираи ҳуқуқу қонун берун мемонанд ва ҷавобан ба ин он қишрҳои ҷомеа ба мухолифини низоми давлатдории гурӯҳҳои исломӣ табдил меёбанд. Бинобар ҳамин омадани гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳизбҳои исломӣ ба сари қудрат як омили низоъ дар ҷомеа мебошад.
Роҳбарони Толибон: Гурӯҳҳои динӣ наметавонанд низоми босуботро ҷорӣ кунанд
Дар анҷуман ҳамчунин намояндагони аршади гурӯҳи Толибон низ ҳузур доштанд. Аз ҷумла, сафири Толибон дар Арабистони Саъудӣ, вазири амри маъруф (фарҳанг)-и Толибон, ки онҳо ба иштирокдорони анҷуман таҷрибаи ҳукуматдории Толибонро дар Афғонистон муаррифӣ карда, гуфтанд: «Таҷрибаи мо нишон дод, ки гурӯҳҳои исломӣ агарчи ба таври физикӣ ғалаба кунанд ҳам, онҳо низоми босубот, ором ва рушдкунандаро роҳандозӣ карда наметавонанд».
Собиқ раиси Хадамоти амниятии Покистон генерал Дурронӣ ҳам дар анҷуман изҳор кард, ки ин таҷрибаҳо (таъсис додану истифода бурдани гурӯҳҳои исломии мусаллаҳ) натиҷа намедиҳанд.
Ифротгароӣ на танҳо ба ҳукумат таҳдид мекунад
АМИТ «Ховар»: Шумо, ки Тоҷикистонро дар анҷуман муаррифӣ мекардед, оид ба кадом масъалаҳо суҳбат доштед?
Абдуллои Раҳнамо: Дар суханронии худ ман изҳор кардам, ки имрӯз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон марзи танҳо ду давлати алоҳида нест. Ин марзи байни ду ҳавза – ҳавзаи муътадилу ҳамзистӣ ва ҳавзаи ифроту мухолифат, марз байни ҳавзаи субот ва ҳавзаи бесуботӣ, марз байни як зиндагии озод, дунявӣ, демократӣ ва зиндагии истибдодӣ, мазҳабгароии золимона аст. Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон марзи суботи нисфе аз ҷаҳон аст. Агар ин марз шикаста шавад, бесуботӣ ва ноамнӣ то умқи Русия ва Чин роҳ меёбад.
Ҳамчунин изҳор кардем, ҳодисаҳое, ки моҳи сентябр дар Тоҷикистон ба амал омаданд, сулҳи тоҷиконро шикаста натавонист, балки қавитару устувортар намуданд. Тоҷикистон механизмҳои гуногуни ҳифзи суботро дар сатҳи дохилӣ ва минтақавӣ ба вуҷуд овардааст, ки баёнгари рисолати минтақавии Тоҷикистон, яъне пешгирандаи нуфузи ифротгароӣ ва сипари боэътимод дар паҳн нашудани ифротгароӣ мебошад.
«Мисли Эмомалӣ Раҳмон шахсе бошад, ки ба Афғонистон субот биёрад»
Нуктаи дигаре, ки таъкид шуд, ин буд, ки ифротгароӣ на танҳо ба ҳукумат ҳамчун ба як ниҳод хатар дорад, балки ба худи давлат, фарҳанг, зиндагии инфиродии ҳар як нафар таҳдид мекунад. Мардум бардошти ғалат доранд ва чунин мепиндоранд, ки ифротгароӣ чизест, ки ба ҳукумат хатар дорад ва ҳукумат бояд бо он дар мубориза бошад. Вале мардум бояд дарк кунанд ва ё ба мардум фаҳмонида шавад, ки ифротгароӣ ба ҳастии давлат, ба фарҳанги миллӣ, ба забони миллӣ, ба зиндагии осоишта, ба тақдири зану фарзанди онҳо хатар дорад. Дар ин ҳолат ҳар як нафар дар худ манфиат мебинад, ки бар зидди ифротгароӣ қомат рост кунад. Ин дарки зарурати муборизаи ҳамагонӣ ба муқобили ифротгароӣ як ҳаракати умумимиллиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда метавонад. Вобаста ба ин меҳоҳам зикр кунам, ки сокинони Қундуз ва Чаҳиоби Афғонистон дар ҳодисаҳои охире, ки дар ин шаҳрҳо сар заданд, худашон ба по хеста, дар рондани дастаҳои ҷангиёни Толибон иштирок карданд, зеро онҳо аз таҷрибаи юриши пешинаи Толибон дида буданд, ки онҳо хонаҳои сокинонро оташ зада, занону духтаронро таҷовуз карда буданд. Яъне, мардум дар симои Толибон хатар ба ҳукумат не, хатар ба шахси худро диданд ва мубориза бо толибонро ҳамчун мубориза барои ҳаёту мамоти худ дарк карданд.
Барои мо, намояндагони Тоҷикистон боиси ифтихор буд, вақте маърӯзакунандагон мегуфтанд, ки: «Мисли Эмомалӣ Раҳмон шахсе бошад, ки ба Афғонистон субот биёрад». Воқеан дар Афғонистон нисбат ба Тоҷикистон ва роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба намунаи ибрат менигаранд.
Бардошти хулосавии мо, намояндагони Тоҷикистон, дар анҷумани Ҳирот чунин буд, ки дар муҳити пурошӯби байналмилалии имрӯза дар суботу амн нигоҳ доштани як кишвар хизмати бузургу таърихӣ мебошад.
Мусоҳиб Акрам Сангов