«Сарқонуни гӯё» — дастовез барои нобиноён дар ҷашни Сарқонун
Душанбе, 29.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Яке аз санадҳои муҳими Тоҷикистон-Конститутсияи (Сарқонуни) он мебошад, ки дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди комилҳуқуқи кишвар нақши муҳим дорад. Дар ҳар давру замон бархурдор будани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои худ аз талаботи асосӣ маҳсуб мешавад, ки ин бевосита ба донистани моддаҳои қонуни асосии кишвар вобастагӣ дорад.
Суннатулло Қосимов: Нобиноён ҳам бояд ҳуқуқҳои худро донанд!
«Дар замони ҳозира донистани ҳуқуқҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ҳар шахс муҳим аст ва нобиноён низ ҳамчун як қишри ҷомеа аз ин ҳуқуқҳо истисно нестанд»,-мегӯяд Суннатулло Қосимов-хонандаи синфи 11-и Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ). Маҳз чунин тасмими Суннатулло буд, ки ӯ барои афроди нобинои кишвар шакли электронӣ-аудиоии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтироъ кард. Ба гуфтаи ин хонандаи ихтироъкор чунин тасмим барои нобиноёни мамлакат ҳамчун армуғон ба ҷашни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст. Ба тариқи электронӣ сохтани китоби мазкур имкон медиҳад, ки шахсони имконияташон маҳдуд, яъне нобиноён аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ огоҳ бошанд. Сохтани китоби электронӣ- барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Тоҷикистон иқдоми нахустин буда, ҳоло ин таҷриба дар ҳоли такмил буда, қарор аст баъди чанде барои роҳандозии тавлид ба мақомоти марбута пешниҳод шавад.
Сохт ва тарзи истифодаи «Сарқонуни гӯё» чӣ гуна аст?
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ё «Сарқонуни гӯё»-е, ки аз ҷониби Суннатулло Қосимов-хонандаи ихтироъкори Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ ихтироъ шудааст, аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Он дар як қуттии чоркунҷа ҷойгир шуда, рӯяш 9 тугма насб шудааст. Ҳар як тугмача як боби Сарқонунро дар бар гирифта, дар ҳолати зарурӣ ба воситаи пахши тугмачаҳои тартибии электронии аз 1 то 9 насбшуда метавон моддаҳои Сарқонунро дар алоҳидагӣ гӯш кард. Китоби мазкурро ҳамчунин метавон бо гӯшиҳо шунид, ки он ҷой барои насб ва пайваст намудани дастгоҳҳои махсуси шунавоӣ дорад. Ин тадбир имкон хоҳад дод, ки ношунавоён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пуродам низ бидуни халалдор кардани фазои суҳбати дигарон аз китоб истифода баранд. Барои хондани матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нобиноён Суннатулло Қосимов ният дорад, ки дар китоби ихтироъкардаи худ ҳуруфи Брайлӣ насб намояд, то ашхоси нобино тавонанд бидуни ягон мушкилӣ маълумоти заруриро оид ба ҳар як моддаи Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар ба даст оранд. Ҳамчунин ихтироъкори ҷавон таклифу пешниҳодҳои нобиноёнро ба назар гирифта, тасмим дорад дар оянда ҳаҷми китобашро хурдтар ва ҳаҷми тугмачаҳои рӯйи онро калонтар намояд, то ин ки кор кардан бо он барои нобиноён осон гардад. Ихтирои «Сарқонуни гӯё» пешниҳоди худи Суннатуллост!
Одинамоҳ Одинаева афзуд, ки ихтирои китоби электронии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба заковат ва истеъдоди нотакрори Суннатулло Қосимов вобастагӣ дошт, зеро ба гуфтаи номбурда, ягона чизе, ки Суннатуллоро ба Литсейи инноватсионии «Душанбе» овард, ин ҳунари ӯ мебошад. «Суннатулло ҳанӯз дар синфи 8-ум мехонд, ки ба Литсейи мо омад. Ӯ ба Литсейи мо бо пешниҳоди сохтани як робот, ки таҷҳизоташ аз трактори вайрона иборат буд, ҳозир шуда, таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба худ ҷалб кард. Дар донишгоҳи мазкур, ки «Барномаи дастгирии истеъдодҳои наврас» ва «Барномаи технологияи муваффақияти хонанда» амал мекард, таклифи чунин хонандаи ҳавасманди ихтироъкорро дастгирӣ намуда, ӯро барои идомаи таҳсил ба Литсейи инноватсионии «Душанбе» даъват карданд»,-иброз дошт директори Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ. Номбурда гуфт, барои таҳсил ва сайқал додани маҳорати касбии Суннатулло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ӯро бо хобгоҳ ва утоқи махсуси корӣ таъмин намудааст, то барои рушди ихтирооти ӯ мушкилот пеш наоянд.
Суннатулло дар ҳалқаи шогирдон
Суннатулло Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсейи инноватсионии «Душанбе» ихтироъкори ҷавон ҳаст, аммо дар муддати кӯтоҳ бо ихтирооти худ, бахусус «Сарқонуни гӯё» тавонистааст на танҳо таваҷҷуҳи ҳамсабақон, балки таваҷҷуҳи дигар хонандагони Литсейро низ ба худ ҷалб намояд.
Давлатҷон Зарипов бо дастгирии устоди худ Суннатулло тавонистааст як лоиҳаеро пешниҳод кунад, ки барои шавқманд намудани кӯдакон ба варзиш мусоидат кунад: «Кӯдакон метавонанд дар танҳоӣ ё ҳамроҳи рафиқон аз ин симпечи автоматӣ ва ё ба истилоҳ «Приголка» истифода намоянд»,-мегӯяд Давлатҷон. Шогирди дуюми Суннатулло Билол Ҳусайнов низ бо тавсия ва кумаки устоди худ барои рушди малакаи касбӣ лоиҳаи як генераторро пешниҳод намудааст, ки аз чанд намуд энергия метавонад энергияи электрикиро ҳосил намояд. Ҳоло Билол барои пешниҳод намудани лоиҳаи худ дар озмуни «Бозёфт-2015» ҳамроҳи устодаш омодагии ҳамаҷониба дида истодааст.
Ихтирооти дигари Суннатулло Қосимов
Суннатулло Қосимов бо ҳама ин ихтирооти худ қаноатманд набуда, ният дорад дар оянда боз лоиҳаҳои бузургу муҳимро барои кишвар омода намояд. Аз ҷумла, ӯ тасмим гирифтааст, ки таҳсили минбаъдаи худро дар ихтисоси роботсозии донишгоҳҳои хориҷӣ идома дода, лоиҳаҳои худро дар амал татбиқ намояд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






