Қӯшунҳои сарҳадӣ: ҷамъбасти фаъолияти хизматию ҳарбӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015

Октябрь 13, 2015 06:57

Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҳарбӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015 баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раис-Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ,  муовинони фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳо ва командирони ҷузъу томҳои Сарраёсат иштирок намуданд. 
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ-ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015 баррасӣ гардид ва вазифаҳои хизматӣ барои солҳои 2015-2016 муайян шуданд. 
Зикр гардид, ки дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт гузаронида шуданд.
Дар давраи сипаригардида фаъолияти  қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва ҷузъу томҳои он мувофиқи нақшаи чорабиниҳо барои нўҳ моҳи соли 2015 амалӣ гардида, дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои СҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 65 амалиёт- аз он  28 амалиёт дар алоҳидагӣ, 28 амалиёт бо КДАМ ҶТ гузаронида шуд.
Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 19 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, дар онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ба ҳалокат расиданд. Аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 2 нафар захмӣ шуд.
Дар ин давра 165 вайронкунандаи сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони ҶИА 31 нафар, ҶҚ 6 нафар, ҶТ 109 нафар, ҶУ 9 нафар, ҶМЧ  2 нафар, ФР 8 нафар мебошанд. 
Аз қочоқчиён ба миқдори 1070 кг 092 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 52 кг 881 гр  героин, 279 кг 444 гр  афюн, 737 кг 767 гр бангдона (ҳашиш, чарс), 617 ҳазору 870 бех  банги худрӯй мусодира шуд.
Ҳамзамон дар натиҷаи ин амалиёт зиёда аз 20 яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 32 тирдон ва зиёда аз 460 дона тирҳои қутрашон гуногун, 17 норинҷаки дастии Ф-1 ва РГД-5,  62 РПГ-7,  31 норинҷаки ВОГ-25  дарёфт ва мусодира  шудааст. 
Инчунин аз қочоқбарони мавод ва молҳои ниёзи мардум 115 тонна селитра, 26 тонна ангиштсанг, 119 тонна семент, 40 тоннаю 700 кг оҳанпора, 25 тонна битум  дарёфту мусодира гардидааст. 
Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 485 нафар боздошт шуданд.  
Дар ҷамъбаст ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли сипаришуда сатҳи ҷиноятҳо дар байни хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ хеле паст гардидааст, ки ин аз пешбурди корҳои инфиродӣ-тарбиявӣ дар байни сарбозон ва афсарон шаҳодат медиҳад. 
Вазъи дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба вуқӯъомада аз сардорони раёсатҳо, командирони ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳамкориро бо сарҳадбонони давлатҳои ҳамсарҳад  вусъат бахшанд. Дар робита ба ин мунтазам вохӯриҳои намояндагиҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд ва зимни онҳо масоили ҳамкории мутақобила ва муноқишоти пайдошуда ҳалл мегарданд.
Дар ҷаласа баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Сарраёсат муҳокима  муҳлату чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян шуданд. Ба роҳбарони раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва таъмини ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

 

Октябрь 13, 2015 06:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид