Қӯшунҳои Сурия дар ҷануби Идлиб 60 силоҳбадастро нест карданд

Октябрь 28, 2015 05:37

Душанбе, 28.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои  Сурия дар  ҷануби  шаҳри  Идлиб  дастаҳои террористонро  таъқиб  менамоянд. 
Тавре ки сомонаи  Сурия ал — Эн хабар  дод,  ҷанговарони  артиши  Сурия  дар  кӯҳсори  Ҷабал — аз — Завия зидди террористони ҷунбиши  «Чейш ал — Фатҳ»  амалиёти  махсусро  роҳандозӣ  намуда,  60  нафар  силоҳбадастонро   нест  карданд. 
Дар  ҷараёни  задухӯрдҳои  ҳарбӣ дар Ал — Латман  (музофоти  Ҳома),  ки  се  шабонарӯз  идома  дошт,  даҳҳо  нафар  зархаридони   гурӯҳи  ифротталаби «Ҷунд ал — Ақсо»  нест  карда шуданд. Ҳавопаймоҳои  Сурия  дар  ин  шаҳр ситоди  террористон  ва  анборҳои  аслиҳаро  бомбаборон  карданд.

Октябрь 28, 2015 05:37

Хабарҳои дигари ин бахш