Сиёсати амниятии Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ

Октябрь 6, 2015 05:36

  Душанбе, 06.10. 2015.(АМИТ «Ховар»).- «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар шароити таҳаввулоти  геополитикӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир гардид. 
         «Конфронси мазкур дар доираи ҷамъбасти натиҷаҳои соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ гузаронида мешавад»,- гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар Худобердӣ Холиқназар зимни ифтитоҳи ҳамоиш. 
     Дар конфронс намояндагони кишварҳои узви СААД, коршиносони сиёсию амниятӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар атрофи манфиатҳои миллӣ ва  сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити  таҳаввулоти геополитикӣ ибрози назар намуданд.
     Зикр шуд, ки дар сархати сиёсат ва стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша манфиатҳои  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар нишасти сарони кишварҳои СААД ва Созмони хамкории Шанхай /СҲШ/ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба мавзӯоти доғи рӯз, назири таҳдидҳои замони муосир, тундравии мазҳабӣ, терроризми байналмилалӣ, қочоқи инсон, силоҳ, маводи мухаддир ҷалб намуда, муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳои аъзои СААД ва СҲШ нисбат ба хатарҳои  замони муосир ба миён гузоштаанд.
    Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки зуҳури Давлати исломии Шому Ироқ /ДИИШ/ дар  бархе аз кишварҳои Шарқи Наздик , назири  Сурия ва Ироқ имрӯз  аз таҳдидҳои  хатарбори замони муосир  на танҳо барои кишварҳои  Осиёи Марказӣ, балки барои кулли кишварҳои дунё ба ҳисоб рафта. барои субот ва амнияти ҷаҳон таҳдидҳо ва хатарҳои бузургро ба бор овардааст. 
     Зикр шуд, ки дар чунин шароити таҳаввулоти геополитикии ҷаҳон бояд кишварҳои  минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон,  зиракии сиёсиро аз даст надода, дар иртибот ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва суботу амнияти минтақа аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосир ҳамкории устувору густурдаро ба роҳ монанд.

Октябрь 6, 2015 05:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст