Сокинони Ромит: Мо ба онҳое, ки мехоҳанд номи Ваҳдатро доғдор кунанд, нафрат дорем
Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз мулоқоти гурӯҳи кории дастгоҳи иҷрояи Президенти мамлакат бо сокинон ҷамоатҳои деҳоти Чуянгарон ва Симинганҷи шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар рафти мулоқот сокинони мавзеи Ромит изҳор карданд, ки онҳо аз боварие, ки Президенти мамлакат ба сокинони шаҳри Ваҳдат дорад, хеле сипосгузоранд ва ҷавобан ба ин аз сиёсати ҳукумату давлат ҳамаҷониба ҳимоя мекунанд. «Гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки ба ҳудуди шаҳри Ваҳдат паноҳ бурда буданд аз Ваҳдат нестанд, балки онҳо мехостанд аз баландии кӯҳҳои дараи Ромит истифода бурда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Вале мардуми шарафманди Ромит худашон дар ошкор кардан ва дастгир намудани аъзои гурӯҳи ҷинояткор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ довталабонаву самимона кӯмак намуданд. Ин нукта ҳамчунин дар изҳоротҳои ВКД ва КДАМ таъкид шудааст.
Тавре роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Ҳаким Абдуллои Раҳнамо зикр кард, мулоқоти мазкурро сокинони маҳал ҳамчун ҷамъбасти мантиқии амалиёти зиддитеррористӣ қабул карданд. Сокинони Ромит изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои ошӯбомези моҳи сентябр сулҳи миллат зарар надид ва суботу оромии Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Ин ҳодисаҳо бори дигар муттаҳидии мардумро дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат нишон дод.
Дар мулоқоти ҷамоати деҳоти Чуянгарон садҳо нафар пиру ҷавон, занону духтарон, уламо, имомҳо ва сархатибони масҷидҳо, муаллимону духтурон, кишоварзон ва одамони касбу кори гуногун иштирок карданд.
Дар мулоқоте, ки дар ҷамоати деҳоти Симинганҷ бо иштироки 200 нафар баргузор шуд, сокинони ин ҷамоат изҳор карданд, ки азбаски ҳодисаи мазкур дар минтақаи онҳо ба амал омад, ашхосе шояд гумон кунанд, ки мардуми мо тарафдори он ҷинояткорон буданд. Лекин воқеият чунин нест, баръакс мардуми ҷамоати деҳоти Симинганҷ ба онҳое, ки мехоҳанд омада, дар кӯҳистони мо пинҳон шаванд ва ба номи мардуми мо доғ оранд, нафрат доранд.
Собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ Мансур Ҷалилзода — пирамарди 86 сола баромад карда гуфт, ки мо ин сулҳро бо хуни ҷигар ба даст овардаем ва бо нақл аз таҷрибаи худ ба мардум ҳушдор дод, ки ин сулҳ воқеан ҳам дар шароити муосир барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим аст.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






