Суқути ҳавопаймои ширкати «Когалмавиа»-и Русия боиси марги 224 нафар гардид

Октябрь 31, 2015 14:59

Душанбе, 31.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз соати 6:21-дақиқа, бо вақти Москва  ҳавопаймои ширкати «Когалмавиа»-и Русия баъди 23-дақиқаи парвоз  аз фурудгоҳи шаҳри Шарм-ул-шайхи Миср ба самти Санкт-Петербург суқут кардааст. Ин ҳодиса дар 100-километри минтақаи Ал-Ариш, қисми шимолии нимҷазираи Синаи Миср ба вуқуъ пайвастааст.  Дар бастагӣ ба ин ҳодисаи суқути ҳавопаймои Airbus  А321-и Русия Департаменти маркази тиббии нимҷазираи  Синаи Миср ҳолати фавқуллода эълон намуд. Тавре рӯзномаи «Al-Ahram»-и Миср хабар додааст, тамоми мусофирон ва сарнишинони ин ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд. Дар макони ҳодиса, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини Ал-Ариш қарор дорад, корҳои ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ идома доранд. Тавре коршиносон хабар додаанд, ҳавопаймо пурра хароб шудааст ва эҳтимол меравад, ки ҳавопаймо ба замин норасида таркидааст. Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ҳавопаймо 217-мусофир ва 7-нафар сарнишин, қарор доштаанд, ки аз ин миён 68-тани онҳоро мардон, 138-нафари дигарро занон ва 17-мусофири дигарро кӯдакони аз 2 то 17-сола ташкил медоданд. Қаблан гуфта мешуд, ки ҳамаи  қурбоншудагон  шаҳрвандони ФР мебошанд, аммо дар миёни қурбониён шаҳрвандони Украина ва Белорус низ вуҷуд доштаанд. То кунун зиёда аз 100-ҷасади мусофирон пайдо гардида, ба шаҳри Қоҳира интиқол дода шудааст. Тибқи фарзияҳои пешаки тамоми мусофирон ба ҳалокат расидаанд. Тафтишоти пешаки муайян кардааст, ки ҳангоми парвоз, мушкилоти техникӣ дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо мушоҳида гардидааст ва сарнишинон барои оҷилан фуруд омадан ба нозирони хатсайрҳои ҳавопаймои мисрӣ дархост фиристодаанд, аммо мувафақ нашудаанд то ҳавопайморо фуруд биёранд. Дар бастагӣ ба ин ҳодисаи фоҷиабор Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 1-уми ноябрро дар Русия рӯзи мотам эълон кард. Дар ин бора котиби матбуотии Кремл хабар дода, изҳор доштааст, ки 1-уми ноябр дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоту ташкилотҳо парчами давлатӣ поён фароварда шуда, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ низ қатъ карда мешаванд.  Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қаблан изҳори ҳамдардии худро ба тамоми наздикону пайвандони қурбоншудагон расонида, вазорату идораҳои дахлдорро муаззаф кардааст, ки ҷиҳати кӯмак ва расонидани ёрии аввалин ба оилаҳои зарардида чораҳои заруриро роҳандози намоянд.  Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва Ассосиатсияи саёҳии ФР алакай ному насаби тамоми мусофирони дар ҳавопаймои суқуткарда қарор доштаро муаяйн кардаанд. Наздикону пайвандони қурбониён рӯзи 6-уми ноябр ба макони ҳодиса ҳоҳанд рафт.
     

 

Октябрь 31, 2015 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд