Таҳқиқи ҳолатҳои марги фоҷиавии шаҳрванди панҷмоҳаи Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти ВКХ ва Сафорат аст
Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки таҳқиқи ҳолатҳои марги фоҷиавии шаҳрванди панҷмоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Назаров таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Федератсияи Россия қарор дорад.
17 октябр дар ҷавоб ба ёддошти Сафорати Тоҷикистон дар Москва аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Россия ёддоште таҳия ва ба унвони намояндагии дипломатии кишварамон фиристода шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Муроҷиати Сафорат бо ҷиддияти тамом қабул карда шуд. Ба волидайни Умаралӣ Назаров ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳои вазнинтарин ҳамроҳ бо онҳо дар ғаму андуҳанд, ҳамдардии самимона изҳор мегардад. Барои муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба таври фаврӣ унвонии Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти федеролӣ оид ба муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Прокуратураи генералии Россия дархостҳои зарурӣ фиристода шуданд. Роҷеъ ба ҳамаи ҷанбаҳои таҳқиқот ҷониби Тоҷикистон фавран хабардор карда мешавад».
Вазорат аҳли ҷомеаро дар робита ба тамоми ҳолатҳои вобаста ба тафтишоти ин ҳодисаи фоҷианок дар ҷараён хоҳад гузошт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






