«Тоҷик Эйр» савияи тахассусии мутахассисонашро баланд бардошт

Октябрь 12, 2015 05:50

Душанбе,12.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ширкати миллии ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» бо мақсади дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки ҳавопаймоҳо,  инчунин таъмиру хариди қисмҳои эҳтиётӣ дар зарфи нӯҳ моли соли равон беш аз 10 миллион сомонӣ харҷ намудааст. 
Икромҷон Мавлонов-муовини мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба тиҷорат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати мазкур  гуфт, ки дар ин давра мутахассисони маҷмааи  ҳавопаймоию  техникӣ савияи тахассусии худро  баланд бардошта, 5  муҳандис соҳиби  дараҷаи якум, як нафар соҳиби дараҷаи дуюм ва 5  техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаи гуногун гардиданд. Ҳамзамон ба 13 мутахассиси маҷмааи ҳавопаймоию техникӣ ҷиҳати анҷом  додани  хизматрасонии  мустақилонаи  техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28, чархболҳои Ми -172 ва Ми -8 МТВ иҷозат дода шуд. Инчунин 29 нафар  донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар «Тоҷик Эйр» таҷриба омӯхтанд. 
Таъкид шуд, ки дар ин давра  бозомӯзии касбии ҳавонавардон ва омода  намудани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг 757-200- ду ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг 737-300  ду сарҳавонавард ( коромӯз), барои  ҳавопаймои  Ан-28 як сарҳавонавард ва Ми-8 як сарҳавонавард ва се бортмеханик омода шуданд.  

 

Октябрь 12, 2015 05:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст