Қудратулло Ғуломов: «Мардуми ҷумҳурӣ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва тинҷию оромӣ бетараф нестанд»
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мушовири калони дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Қудратулло Ғуломов оид ба иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат дар пойдории тинҷиву оромии ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро чунин изҳор дошт:
Иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеаро дар симои дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатӣ ҳамарӯза зимни таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон дидан мумкин аст. Махсусан иштироки фаъолонаи шаҳрвандон баъд аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» бештар ва босамар гардид. Ҳар шабонарӯз дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, махсусан бо нозирони минтақавии милитсия беш аз 500-550 нафарӣ дружиначиёни ихтиёрӣ ва садҳо нафар кормандони ғайриштатӣ ба хизмат сафарбар мешаванд, ки ин шаҳодати ҳамкории босамари милитсия бо аҳли ҷомеа мебошад. Сафи дружиначиёни ихтиёрӣ сол аз сол афзуда, шумораи онҳо ба 16 000 нафар расидааст, ки дар 69 дружинаи шаҳрию ноҳиявӣ сарҷамъ шуда, таҳти сарпарастии сардорони ситодҳои ин дружинаҳо, аз ҳисоби шаҳрвандони ботаҷриба ва фаъол ба хизмат сафарбар мегарданд.
Омӯзиш нишон дод, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳайати дружинаҳои ихтиёрии шаҳри Душанбе 2887 нафар, вилояти Хатлон 5653 нафар, вилояти Суғд 3842 нафар, ВМКБ 1004 нафар, минтақа ва ноҳияи Рашт 653 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1972 нафар муттаҳид гардонида шудаанд.
Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо басо калон аст. Пеш аз ҳама онҳо ҳамчун аҳли ҷомеа ба дигарон дар риоя намудани тартиботи муқарраршуда намунаи ибрат мебошанд. Аз тарафи дигар дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия тартиботи ҷамъиятиро ташкил ва таъмин менамоянд. Дар ҷараёни хизмат донишҳои ҳуқуқии худро такмил дода, бисёрии онҳо зимни интихоби касб вазифаи корманди ҳифзи ҳуқуқро интихоб менамоянд.
Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкории кормандони милитсия бо дружиначиёни ихтиёрӣ сол ба сол ҳиссаи онҳо дар кушодани ҷиноятҳо ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия зиёд шуда истодааст. Дар нӯҳ моҳи соли 2015 аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ 26 ҷиноят, дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия 97 ҷиноят ва 5305 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст. Бо саҳми шахсии дружиначиёни ихтиёрии вилояти Хатлон 8 ҷиноят ва аз тарафи дружиначиёни ихтиёрии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ҷиноят ошкор шудааст. Дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия 58 ҷиноят, вилояти Хатлон 14 ҷиноят, вилояти Суғд 12 ҷиноят ва дружиначиёни ихтиёрии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷиноятро ошкор карданд. Инчунин бо ёрию кумаки дружиначиёни ихтиёрӣ 4 ҷинояткори дар кофтуков қарордошта ва 2 аъзои ҳизбҳои экстремистӣ ошкор ва дастгир гардидаанд.
Ба ҳавасмандгардонии дружиначиёни ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пеш бештар аҳамият дода мешавад. Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ду маротиба дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Душанбе дар Кохи Ваҳдат ва Ҷомӣ сарҷамъ шуда, фаъолияти онҳо аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон ва муовини вазири корҳои дохилӣ Солеҳзода И. ҷамъбаст шуда, дружиначиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ ҳавасманд гардонида шуда, барои онҳо баъди ҷамъомад дастархони идона ва барномаҳои консертӣ ташкил шуданд. Чунин ҷамъомадҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ гузаронида шуданд. Зиёда аз 1000 дружиначӣ аз ҷониби мақомоти ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати молӣ ва пулӣ ҳавасманд гардонида шудаанд.
Ба сафи дружинаҳо дар давоми соли равон беш аз 500 ҷавон ихтиёрӣ аъзо гардиданд, ки ин нишонаи беҳтар гардидани ҳамкорӣ мебошад.
5305 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора 371 ҳуқуқвайронкуниро майдаавбошиҳо, 612 ҳуқуқвайронкуниро пайдо шудани шаҳрвандон дар ҳолати мастӣ ва истеъмоли машруботи спиртдор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва 409 ҳуқуқвайронкуниро ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ташкил медиҳанд.
Мехостам таъкид кунам, ки ҳодисаҳои рӯзҳои 4-16 сентябри соли ҷорӣ бори дигар нишон доданд, ки мардуми ҷумҳурӣ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятию амният ва тинҷию оромӣ бетараф нестанд. Махсусан дар ҳамон рӯзҳо дружиначиёни ихтиёрӣ ҳамроҳи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои зисти хеш фаъолона дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намуданд, ки ин ифодаи ҳамкории онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва давлатӣ мебошад».