Вохӯрии ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Октябрь 15, 2015 04:30

Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -10 октябри соли 2015 бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР чанд мулоқоти ҷавонони фаъоли  гурӯҳи Пешоҳанг бо роҳбарияти ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни ФР ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик доир шуд.
Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи ҷавонони фаъол  намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, донишҷӯён ва кормандони ВАО-и Тоҷикистон шомил буда, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва хусусан пешгирӣ намудани паҳншавии ақидаҳои бегона, аз қабили ифротгароиву радикалӣ миёни муҳоҷирони ҷавон ба ФР сафарбар шудаанд. 10 октябри соли 2015 дар бинои Меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистан дар шаҳри Маскав бо мусоидати намояндагӣ вохӯрии ҷавонони фаъол бо роҳбари ташкилоти Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева доир шуд. Дар рафти мулоқот масоили вобаста ба вазъи муҳоҷират, проблемаву мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои ба гуруҳҳои ифротгаро ва радикалӣ пайватани бархе аз муҳоҷирони ҷавон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Намояндагӣ вохӯрии намояндагони гурӯҳи Пешоҳанг-ро  бо муҳоҷирони тоҷик дар бозору марказҳои савдои Садовод ва Люблино -и шаҳри Маскав баргузор намуд. Дар мулоқот, ки бештар аз 300 ҷавони муҳоҷир ширкат намуданд, дар баробари масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират масоили пешгирӣ намудани гароиши ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои ифротию радикалӣ баррасӣ шуданд. 
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳои гурӯҳи Пешоҳанг дар вилояти Твер, Краснодар ва дигар минтақаҳо низ бо донишҷӯён ва ҷавонони муҳоҷири тоҷик  ба  назар гирифта шудаанд.
Масъалаи пешгирӣ намудани пайвастшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову радикалӣ дар ҳудуди ФР дар маркази таваҷҷуҳи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират қарор дорад. Азбаски қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҷавонон ташкил менамоянд, аз ҷониби намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Федератсияи Русия дар 9 моҳи соли равон  бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷавонони тоҷик 68 мулоқот гузаронида шуд, ки дар он оқибатҳои ногувори пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, таъсири ин падидаи номатлуб ба раванди муҳоҷират дар кишвари қабулкунанда ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамин мавзӯъ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Октябрь 15, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид