1850 сокини Роғун дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд
Роғун, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Роғун 8 деҳаи ҷамоати деҳоти Сичароғ ҳамчун деҳаҳои минтақаи зериобмонии НБО-и «Роғун» эътироф шудаанд. Шумораи муҳоҷирон дар минтақаи мазкур 438 оиларо ташкил медиҳад ва аз шумораи оилаҳои зикршуда 199 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида мешавад. То ба имрӯз 73 оила аз ин минтақа кӯчонида шудааст.
Барои кӯчонидани 239 оилаи боқимондаи муҳоҷирон аз минтақаи зериобшаванда дар деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 109 оила, дар заминҳои Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади Об барои 86 оила, дар заминҳои деҳаи Луғури ҷамоати деҳоти Сичароғ барои 44 оила қитъаи замин пешбинӣ шудааст. Ҳоло корҳои омодагӣ, ба монанди таъмини оби нўшокӣ ва полезӣ, гузаронидани хатти интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар мавзеъҳои мазкур марҳила ба марҳила ба иҷро мерасанд.
Аз шаҳри Роғун 1850 шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд, ки аз ин шумора 18 нафараш зан аст ва вуруди 219 муҳоҷирони меҳнатии шаҳр ба Федератсияи Русия манъ шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






