Ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар Маскав
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 24 ноябри соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар доираи ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия натиҷаҳои фаъолияти якҷояи ин ду ниҳоди қудратӣ баррасӣ гардида, нақшаи ҳамкорӣ барои соли оянда таҳия гардид.
Дар ҷаласаи ҳабдаҳуми мушовараи муштарак вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев гуфт:
«Бо назардошти раванди мушкили ноустувору зуд-зуд тағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, низоъҳои мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористию эктремистӣ ва инчунин вазъи иқтисодӣ, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳанд, ки назорат аз рӯи оромию тинҷӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шавад».
Зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар соҳаи кофтукови ҷинояткорон ва шахсони бедаракшуда, ташхиси криминалистӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва инчунин тайёр намудани кадрҳо фаъолона амалӣ карда мешаванд. Танҳо дар давоми соли равон бо кӯшишҳои якҷоя зиёда аз сад нафари дар кофтуков қарордошта дастгир шуд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки ҷаласаи имрӯза барои коркарди чораҳо дар кори мукаммал намудани кӯшишҳои якҷояи ду вазорат дар соҳаи муқовимат бо терроризм боз ҳам мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи ҷаласаи мушовараи муштарак масъалаҳои ҳамоҳангсозии кӯшишҳои якҷоя дар пешгирӣ, барҳамзанӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти байналмилалӣ дошта, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳое, ки бо маводи мухаддир алоқаманд мебошанд, оид ба чорабиниҳои якҷояи байниидории пешгирӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии онҳо ба воситаи роҳи оҳан ва роҳҳои ҳавоӣ ва ошкор намудани ашхосе, ки дар гардиши ғайриқонунии онҳо ширкат меварзанд, баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






