Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ба анҷом мерасад
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 324 ҳазору 194 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст ва то 5 ноябри соли равон аз ин майдон 323 ҳазору 295 гектари он даравида шудааст, ки 99,7 фоизро ташкил медиҳад. То санаи мазкур майдони 322 ҳазору 657 гектар ғалладонагӣ кӯфта шудааст ва ҳосили умумии ғалладонагиҳо 832 ҳазору 149 тоннаро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 ҳазору 794 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 25,8 сентнериро ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143 ҳазору 337 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронидаанд, ки то ба имрўз майдони 142 ҳазору 900 гектари он даравида шудааст ва ин ба 99,7 фоиз баробар мебошад. Ҳамзамон ҳосили 142 ҳазору 830 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосили умумии ғаладонагиҳо 477 ҳазору 781 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 042 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Ғаллакорони вилояти Суғд низ машғули ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ буда, имсол дар майдони 112 ҳазору 765 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронидаанд. То 5 ноябри соли равон майдони 112 ҳазору 765 гектар ғалладона дарав шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад. То санаи мазкур ҳосили 112 ҳазору 701 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 38895 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ 183 ҳазору 213 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 ҳазору 838 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 16,3 сентнерӣ аст.
Дар вилояти Бадахшон соли равон дар майдони 6217 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронида шудааст. Ҳоло майдони 6197 гектари он даравида шудааст, ки баробари 99,7 фоиз мебошад. То 5 ноябри соли равон майдони 6168 гектари он кӯфта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 83 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ 11 ҳазору 836 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 402 тонна кам мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 19,2 сентнериро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






