Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Бохтар 7 моҳ қатъ мегардад

Ноябрь 25, 2015 12:05

Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади навсозии кӯчаи Бохтар ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М. Миршакар шурӯъ аз фардо, 26 ноябри соли 2015 то  30 июни соли 2016, яъне ба муддати ҳафт моҳ қатъ мешавад.
Тибқи қарори  раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои шаҳрӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ин муддат  самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз чорроҳаи кӯчаҳои Бохтар — Ф.Ниёзӣ мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни навсозии кӯчаи Бохтари пойтахт бархе аз дарахтони кӯчаи мазкур баратараф шуда, ба ҷои онҳо ниҳолҳои нав шинонида мешаванд. Ҳезуми дарахтони бартарафшаванда дар ҳаҷми 108 м3 ба мувозинати ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида мешавад. 

Ноябрь 25, 2015 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад