Аз муоинаи тиббӣ гузаштани арусу домод ҳатмӣ хоҳад шуд
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи тағйиру иловаҳое, ки имрӯз ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, дар ҳолати қабул шуданаш минбаъд арусу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Ҳадаф аз ин тадбир, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси арзу шикоятҳои мардум андешида шудааст, пешгирӣ аз сирояти ноогоҳонаи бемориҳои вазнини гузаранда, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан (СПИД), ба ҷавонони навхонадор аз ҳамдигар мебошад.
Чунонки зикр гардид, ҳаққи ба инобат гирифтан ё нагирифтани натиҷаи муоинаи тиббӣ ҳангоми хонадоршавӣ ба худи ҷавонон вогузор мегардад, яъне ин ташхис хислати тавсиявӣ дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






