Бадахшон: ифтихор аз Парчами миллӣ

Ноябрь 25, 2015 11:34

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази вилояти Бадахшон   бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ   роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад аз  кӯдакони   марказҳои  инкишофи  барвақтӣ сар карда, то ҷавонону  кормандони  идораҳои давлативу ғайридавлатӣ, ҳамагон бо Парчами миллӣ ва  дигар овезаҳову  рамзҳои давлатӣ дар  роҳпаймоӣ  иштирок намуданд.  Роҳпаймоӣ то майдони  Исмоили Сомонии  шаҳри Хоруғ  давом ёфта, дар он    роҳбарияти  вилоят  ҷамъомадагонро табрик гуфта, аз таърихи  Парчами миллӣ  ёдоварӣ шуданд ва бобати  бузургии ин дирафши серангаи  муқаддас сухан карданд.   Зикр гардид, ки ҳамаи ин ободкориву шоҳкориҳои   кишвари   тоҷикон дар зери  ин  парчами  бузург ва неруманд сурат гирифтааст ва тавонистааст, кулли тоҷикони дунёро ба ҳам оварад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз ҳар як  тоҷики рӯи замин, новобаста аз он, ки  дар  кадом гӯшаю канори дунё иқомат дорад, агар хештаншиносу  миллатшинос бошад,  бояд ки   бо ин парчами  муқаддас ифтихор дошта бошад ва   бо миллати   сарбаланди худ  онро  ҳифз намояд.  
Дар баробари дигар  чорабиниву озмунҳо, барномаи  фарҳангӣ низ пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд. 

 

Ноябрь 25, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад