Баррасии дастовардҳо ва таҷрибаи соҳаи офталмология дар Душанбе
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Якумин анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”баргузор хоҳад гашт. Дар кори Анҷуман беш аз 600 намоянда, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонон аз Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо ширкат хоҳанд кард. Иштироки ҳамаи мутахассисони соҳаи офталмология (соҳаи тиб, ки чашмро меомӯзад) аз ҷумҳурӣ дар ин анҷуман дар назар аст.
Дар ҷараёни анҷуман баррасии дастовардҳои офталмологияи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳа, роҳандозии ташхису табобати муосир ва ҷарроҳиҳои гаронарзиши чашм дар назар аст.
Инчунин дар анҷуман намоишгоҳи маводи доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастовардҳои асосии соҳа, адабиёти махсус ва маҳсулоти таъйиноти тиббӣ ба маъраз гузошта мешаванд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






