Баррасии масъалаҳои телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС
Душанбе, 16.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба «Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС» имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар он сафир, роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер, сардори департаменти рушд, саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Муллохол Исмоилов, мушовир оид ба ВАО-и Бюрои САҲА дар ҶТ Эвалд Орф, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, ВАО, бахшҳои хусусӣ ва сафоратхонаҳо иштирок намуданд.
Пазируфтани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) зарурати ҳатмии гузаронидани як зумра ислоҳотро дар соҳаҳои гуногун тақозо менамояд, ки барои рушди иқтисоди ватанӣ ва бозори миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдои мол, хизматрасониҳо ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ кумак менамоя Барои мусоидат дар татбиқи саривақтӣ ва манфиатбахши ин ислоҳот иштирокдорони конфронс таъсиси гурӯҳи кориро таҳти сарпарастии Вазорати рушди иқтисод ва савдо тавсия медиҳанд. Ҳадафи гурӯҳи мазкур таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо баҳри татбиқи тавсияҳои дахлдор мебошад. Баъди анҷоми кор нақшаи кори таҳияшуда ба Шуро оид ба ТИК-и назди Президенти ҶТ барои тасдиқ ва иҷрои минбаъда пешниҳод мешавад.
«Як сол пеш мо барои баррасии масъалаҳои телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон вохӯрдем ва вохӯрии имрӯзаи мо дуввумин мебошад. Аз вохӯрии аввали мо то имрӯз бисёр корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Имрӯз мо коршиносони ин соҳаро даъват намудем, то бо таҷрибаи худ моро ошно созанд»,-гуфт сафир, роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер.
Яке аз иштирокдорони конфронс- мушовир оид ба масоили ВАО Фирӯз Баротов чунин меандешад, ки зимни гузариш ба пахши рақамии телевизионҳо, бояд пеш аз ҳама дар мавриди телевизионҳои маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд ва минтақаи худро бо иттилоот таъмин мекунанд, андеша намоем. «Ба фикри ман ин телевизионҳо бояд аз назари техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, то тавонанд дар фазои рақобатпазир ҳузур дошта бошанд. Дар ҳолати муҷаҳҳаз нагардидан бо техникаи муосири рақамӣ ба онҳо хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад. Як роҳи наҷот барои онҳо ин гузариш ба телевизиони интернетӣ аст. Он гоҳ онҳо имкон пайдо мекунанд, ки барномаҳояшонро аз тариқи интернет пахш кунанд», -илова намуд Ф.Баротов.
Хотиррасон мекунем, ки кори конфронси байналмилалӣ пагоҳ, 18 ноябр идома меёбад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






