Баррасии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Алмаато
Душанбе, 10.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- «Ғанигардонии орди гандум бо иловаҳои витаминию минералӣ»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҳамоиши байналмилалӣ бо ҳузури 400 намояндаи ҳукуматҳо, парлумонҳои кишварҳои мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва доираҳои тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар чорабинии байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷамшед Муртазоқулов- вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар намояндагӣ карда, доир ба ғанигардонии маҳсулоти озуқа бо иловаҳои витаминию минералӣ дар Тоҷикистон ва фаъолияти Парлумони касбии кишвар сухан гуфт.
Дар ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои бо намаки йодӣ таъмин намудани аҳолӣ, ғанигардонии орди гандум бо иловаҳои витаминию минералӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа дар бораи вазъи кунунии масъалаи баррасишаванда дар кишварҳои худ гузориш доданд. Ҳамоиши мазкур бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ гузаронида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






