Баёни ҳамдардии М. Неъматов бинобар даргузашти собиқ Канслери Олмон

Ноябрь 14, 2015 05:16

Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар») — Дирӯз Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба қароргоҳи Канслери Олмон ташриф оварда, дар китоби тасаллият ҳамдардии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар даргузашти собиқ Канслери Олмон Ҳелмут Шмидт ба мардуми Олмон ва хешовандону наздикони марҳум баён намуд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ Канслери Олмон Ҳелмут Шмидт рӯзи 10 ноябри соли равон дар синни 96 вафот кард.

Ноябрь 14, 2015 05:16

Хабарҳои дигари ин бахш