БМТ: Мулоқот бо намояндаи нави ХБА оид ба Тоҷикистон
Душанбе, 10. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо 9 ноябри соли равон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати нави намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пол Росс, ки бо ташрифи нахустин ба Душанбе омадааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар нуҳ моҳи соли равон тамоюли нисбатан муътадилро соҳиб гардид. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 33,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 6,4 фоизро ташкил дод. Сатҳи таваррум дар нуҳ моҳ 3,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам гардид. Ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатҳои ҷалбшуда дар ташкилоти қарзии кишвар назар ба соли гузашта ба андозаи чашмрас афзуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон Пол Росс зимни мулоқот масъалаҳои рушди геосиёсии минтақавӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон, сиёсати пулӣ ва асъорӣ, инкишофи бахши молиявӣ, назорат ва идораи бонкҳоро ба таври муфассал таҳлил ва баррасӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳияи «Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон» ва зарурати расонидани кумаки техникӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар интиҳои суҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






