Бонки Эсхата ба омӯзиши муосири донишҷӯёни мактабҳои олӣ оғоз намуд
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва беҳтар намудани имконияти бо кор таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои нави фаъолияти кор бо кормандон буда, татбиқи барномаи мазкур аз Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз гардид. Барои донишҷӯён мутахассисони варзидаи Бонки Эсхата аз таҷрибаи худ дар самти қарздиҳӣ, кор бо амонатҳо, кортҳои пластикӣ ва тиҷорати чакана дарсҳои муфид гузарониданд. Донишҷӯёни болаёқатро роҳбарияти донишгоҳ байни ҳамаи донишҷӯёни курсҳои болоӣ интихоб карданд.
Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон доданд, ки довталабон ба вазифаҳои холии бонк — хатмкунандагони донишгоҳҳои олӣ нисбат ба фаъолияти умумии бонкӣ ва хизматрасонии он дониши кифоя надоранд. Чунин ҳолат барои ба кор қабул кардани онҳо монеа шуда истодааст. Яке аз роҳҳои ба талаботи муосир омода намудани хатмкунандагон- ин дар доираи омӯзишӣ дар донишгоҳ баланд бардоштани савияи дониши онҳо бо роҳи мунтазам ворид намудани навовариҳои бонкдории муосир ба барномаи омӯзиш дида шуд. Бо ин мақсад, бонк тасмим гирифт, ки маводи омӯзишии муосири бонкиро ба муаллимон ва донишҷӯён омӯзонида, барои истифодаи оянда ин маводро ба донишгоҳ супорад, — мегӯяд сардори шуъбаи кор бо кормандон А. Аҳроров
Мақсади гузаронидани дарсҳо аз додани маълумот ба муаллимон ва донишҷӯён оид ба таҷриба ва усулҳои муосири фаъолияти бонкӣ, барои мутобиқ кардани дониши онҳо ба фаъолияти имрӯзаи бонкӣ мебошад. Пешбинӣ шудааст, ки барномаи мазкур аз тарафи донишгоҳ ба барномаи таълимӣ ворид шуда, муаллимони донишгоҳ дар навбати худ аз рӯи маълумот ва маводи аз тарафи мутахассисони бонк пешниҳод шуда омӯзиши донишҷӯёнро ба роҳ мемонанд.
Дарсҳо аз аввали моҳи ноябр оғоз шуда, дар давоми як моҳ идома ёфтанд ва дар умум 30 донишчӯю якчанд устоди донишгоҳро фаро гирифтанд.
Барнома худ ба донишҷӯён барои дарёфти ҷои корӣ баъди хатми донишгоҳ имкониятро васеътар мекунад, зеро сертификатҳои бонкҳои пешсаф дар аксари соҳаҳои иқтисодиёт пазируфта мешаванд.
Барномаи мазкур характери иҷтимоӣ дошта, бо баробари васеъ намудани имконияти бо кор таъмин гардидани донишҷӯен, сатҳи маърифати молиявии онҳоро низ баланд мебардорад.
Модули охирини барнома аз «Маърифатнокии молиявӣ» иборат мебошад, ки он оид ба оқилона идора кардани вазъи молиявии худ, яъне идоракунии даромад ва хароҷоти шахсӣ ва оилавӣ, бо мақсади пасандоз карда тавонистани маблағҳо ва пешгирии ҳолатҳои ғайримақсад истифода бурдани даромади худ иборат мебошад.
Интизорем, ки баланд намудан ва мутобиқ намудани дониши хатмкунандагони донишгоҳҳо барои дарёфти мутахассисони ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Ҳоло ДДХ барои ҳамкорӣ бо мо омодааст ва мо худ мақсад дорем, ки дар соли оянда ин барномаро дар донишгоҳҳои дигар ба роҳ монем.,-афзуд Аҳроров А.
Барномаи омӯзишӣ аз 8 модул иборат буда, мавзуъҳои фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиёти қарзӣ, тиҷорати чакана, хизматрасонии амалиётӣ, амалиёти хазинавӣ дар бонкҳо, маркетинг дар бонкҳо, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар бонкҳо ва маърифатнокии молиявиро дар бар мегирад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






