Бозёфт гардидани камарбанди марговар

Ноябрь 24, 2015 03:08

Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). -Мувофиқи иттилои шабакаи телевизионии «France Info» дирўз дар шаҳри Монружи Фаронса, ки дар ғарби Париж ҷойгир аст, камарбанди муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дарёфт гардид. Камарбанди марговари аз қуттии ахлот пайдогардида аз рўи намуд ва тарзи ҷойгиркунонии маводи тарканда ба камарбандҳое, ки ҷанговарони ДИИШ дар вақти содир кардани амалҳои террористии Париж худ ва одамони бегуноҳро тарконда буданд, монанд мебошад.
Кормандони пулис ҷойи ҳодисаро иҳота карда, хавфи таркидани камарбандро бартараф карданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 13-уми ноябри соли равон дар шаҳри Париж силсилаи амалҳои террористии барои Фаронса бесобиқа ба амал омаданд, ки боиси марги зиёда аз 130 нафар ва захмӣ шудани 300 сокини осоишта гардид.

Ноябрь 24, 2015 03:08

Хабарҳои дигари ин бахш