Бунёди мактаби замонавӣ дар Шаҳристон
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар ноҳияи Шаҳристон як мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои синфхонаҳои кушоду барҳаво, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ мебошад. Сохтмони мактаб ду сол қабл оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи Конститутсияи кишвар бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни суҳбат бо сокинони ноҳия раиси вилоят таъкид намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар равона намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шароити донишомузӣ корҳои мушаххас анҷом дод.
Соли равон дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва таъмири зиёда аз 100 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, беш аз 25 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар дигар иншооти соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, изҳори бовар намуд, ки бошандагони ноҳияи Шаҳристон дар қатори дигар сокинони кишвар барои рушду нумуи соҳаҳои муҳим камари ҳиммат мебанданд ва 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар ин рӯз ба хонандагони муассисаи таълимии рақами 21-и ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби раиси вилоят 10 асбоби мусиқӣ ва 6 компютер бо тамоми лавозимот тақдим гардид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






