Чаро дар н.Шаҳристон супориши Сарвари давлат иҷро намешавад? Аз пайи мактуби шикоятӣ
Р.Ҳамроқулов: «Мактаб бо таҷҳизот таъмин шавад»
Душанбе, 25.11.2015 (АМИТ «Ховар»). – 5-уми ноябри соли равон ба нишонии АМИТ «Ховар» бо сархати «Илтимос, кӯмак намоед!!!» мактуби шикоятӣ аз номи Раҳмонқул Ҳамроқулов, собиқадори меҳнат аз деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ворид гардид. Муаллиф дар номаи худ аз ҷумла навиштааст: “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар он ҳоло зиёда аз 700 нафар хонанда мехонанд, сохтмонаш соли 1991 оғоз ёфта буд, аммо то ҳол ба итмом нарасидааст. Ин муассисаи таълимии №6 дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон воқеъ аст”. Дар идомаи мактуб омадааст: “Дар асоси лоиҳа мактаби номбурда барои 694 хонанда пешбинӣ гардида буд. Маблағи барои сохтмон пешбинишуда 1млну 621 ҳазор рубли шӯравӣ буд ва он мебоист дар 11 моҳ сохта мешуд. Соли 1991 барои сохтмон маблағи муайян ҷудо гардид, ташкилотҳои сохтмонии №21 (сардораш Саидов), №18 (сардораш Почокалонов) корро оғоз намуданд. Хурсандии сокинони деҳа ҳадду канор надошт, чунки дар давоми 70 соли давлати шӯравӣ ин аввалин сохтмони бинои типпӣ аз ҳисоби буҷаи давлат буд. Ҳамин тавр як блоки “А”-и мактаби мазкур моҳи ноябри соли 1992 ба истифода дода шуд. Бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ сохтмони блокҳои “Б”, “В”, “Г”, “Д”, “Е” нотамом монданд. Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ сохтмон идома ёфт ва моҳи августи соли 1998 блокҳои “В” ва “Д” ба истифода дода шуд, вале як сол нагузашта, фундаменти блоки “В” фурӯ рафта, деворҳояш кафида, ба ҳолати садамавӣ қарор гирифт.
Моҳи июли соли 2009 дар вақти сафари кории Президенти кишвар ба ноҳияи Шаҳристон, аз номи аҳли деҳа аз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш карда шуд, ки барои ба охир расонидан ва ба истифода додани мактаби сохтмонаш 19 сол кашолёфта, кумак расонанд. Ҷаноби Олӣ ба шахсони масъул супориш доданд, ки сохтмони мактабро соли 2009 давом дода, соли 2010 пурра ба итмом расонанд ва бо тамоми таҷҳизоти зурурӣ ба истифода диҳанд.
Бо супориши Дирексияи сохмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ шахсони масъул омада, лоиҳаи давом додани сохтмон ва таъмири асосии биноро тартиб доданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки барои пурра ва бо тамоми таҷҳизоташ сохта ба истифода додани мактаб 3 млн. 400 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст. Маблағи пешбинигардида ҷудо шуд ва идомаи сохтмон ва таъмири пурраи биноро ташкилотҳои сохмонии “Бинокор” ва “Раҳмониён” моҳи апрели соли 2010 оғоз намуданд. Моҳи декабри соли 2010 биноҳои таъмирашон ба охир нарасидаро, бе ягон таҷҳизоти зарурӣ бо имзоҳои худ тасдиқ намуда, ба истифода супориданд. Давом додани сохтмони блокҳои “Г” ва шабакаи гармидиҳиро фаромӯш карданд”.
Муаллифи мактуб аз он изҳори ташвиш кардааст, ки барои чӣ мактаб сохта шуду бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин нагардид: “Ба ҳар як шахси солимфикр маълум аст, ки маблағи 3 млн. 400 ҳазор сомонӣ мақсаднок сарф нагардидааст. Агар маблағ мақсаднок сарф мешуд, чунин камбудӣ ва норасоиҳо бартараф мегардиданд:
- Шабакаи гармидиҳӣ деги буғдиҳӣ надошта, ба синфхонаҳо пайваст нагардидааст.
- Ошхона сохта шудааст, вале ҷиҳози зарурӣ надорад, кор намекунад.
- Толори маҷлисгоҳ бо мизҳо ва ҷиҳози зарурӣ таъмин нашудааст.
- Ҳамаи тирезаҳои блоки “А” якқабатаанд.
- Китобхона рафҳои китобмонӣ надорад.
- Толори варзишгоҳ бе ҷиҳози зарурӣ ба кӣ лозим аст?
- Тахтаҳои синфӣ, мизу курсиҳои ба хонандагон пешниҳодшуда ба стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад ва ғ.
Оид ба камбудӣ ва норасоиҳои мазкур собиқадорони меҳнат ба мақомоти дахлдор муроҷиат карданд, вале натиҷае надод, сабабашро ҳеҷ кас намедонад”.
Муаллиф дар баробари мактуб ҳамчунин якчанд аксҳоро аз мактаби деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон ҳамчун замима ба АМИТ “Ховар” ирсол кардааст.
Хабарнигори АМИТ “Ховар” вобаста ба мактуби мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон муроҷиат кард. Ҷавобан ба дархости АМИТ “Ховар” аз номи муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳристон Шуҳрат Муҳитдинов маълумотномаи зерин пешниҳод гардид: “Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон соли 1989 оғоз ёфта, яке аз биноҳои таълимии блоки “А” соли 1993 ба истифода супорида шудааст. Соли 2009 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи фармоишгар, яъне Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додани сохтмон ва барқарорсозии биноҳои таълимии (блокҳои “А”, “В”, “Г”, “Е”) ба нақша гирифта шуда, соли 2011-ум сохтмон аз тарафи пудратчиён ҶДММ “Раҳмониён” (ш.Хуҷанд), ҶДММ “Сохтмон” (н.Мастчоҳ), ҶДММ “Нигина” (н.Шаҳристон), ҶДММ “Бинокор-Шаҳристон” (н.Шаҳристон), дар асоси харҷномаи тасдиқшуда оғоз гардид.
Соли 2011 корҳои сохтмони блокҳои А, В, Г, Е анҷом ёфта, ба маблағи умумӣ 2 169000 сомонӣ дар асоси қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 26.12.2011 сол№ 355 ба истифода дода шуд.
Дар асоси шартномаҳои тарафайн байни фармоишгар ва ҶДММ “Нигина” ба маблағи умумии 1 316600 сомонӣ солҳои 2011-2013 шартнома баста шуда, сохтмони блоки “Д” ва дегхона ба итмом расонида шуд ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 12.12.2014 сол №404 ба истифода супорида шуд. Таъкид кардан лозим аст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ ва таъмир аз рӯи харҷномаи тасдиқгардида амалӣ шуда, аз тарафи фармоишгар бо пуррагӣ қабул карда шудааст ва дар ин бора аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши нақшавӣ ва такроран гузаронида шуда, санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст”.
Дар маълумотномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон сабаби бо таҷҳизоти мактабӣ таъмин нашудани мактаб чунин шарҳ дода шудааст: “Баъзе норасоиҳо, яъне таҷҳизоти ошхона, толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, китобхона ва гармидиҳии блоки “Д” бо сабаби дар харҷнома дарҷ нагардидан, таъмин карда нашудааст”.
Дар рафти суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” муҳандиси дараҷаи 1 Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Сироҷов изҳор кард, ки ҳамчун намояндаи фармоишгар соли 2014 сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристонро қабул кардааст ва сохмони бино аз рӯи лоиҳа анҷом ёфта, пурра ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Вобаста ба буғхонаи мактаб Ш.Сироҷов гуфт, ки барои сохтмони он ва хатти гармидиҳӣ маблағ ҷудо шудааст, вале барои кашидани хатти барқ ва хатти об пул ҷудо нашудааст ва лоиҳаи овардани хатти барқ ва об низ барои буғхонаи мактаб вуҷуд надорад.
— “Аввал хатти барқу обро ҳукумати ноҳия ба мактаб расонад, сипас масъалаи ба кор даровардани буғхонаи мактаб бардошта шавад”, — гуфт Ш.Сироҷов ва илова кард: – “Мушкили набудани мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти мактабӣ ба дирексияи мо тааллуқ надорад”.
Ба қавли Ш.Сироҷов, чунин мактуби шикоятӣ бори аввал навишта нашудааст.
— “Сохтмони бинои мактаб дар ду марҳила сурат гирифт, — изҳор кард Шуҳрат Сироҷов, — марҳилаи якум солҳои 2011-2012 (блоки А, В, Г, Е) ва марҳилаи дуюм солҳои 2013-2014 (блоки Д ва дегхона) сурат гирифтанд. Баъди анҷоми ҳар ду марҳилаҳои сохтмонӣ дар асоси мактуби шикоятӣ аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали сохтмон санҷиш гузаронида шуда, камбудиҳо ошкор нашуданд. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ дар асоси мактуби шикоятӣ бо дархости мақомоти прокуратура комиссияи муштарак ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони ҳамаи мақомоти назоратӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо корҳои сохтмонии анҷомдодашуда аз наздик шинос шуданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи мазкур корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 н.Шаҳристон аз рӯи лоиҳа анҷом дода шудааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Абдуғанӣ Буриев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” изҳор кард, ки воқеан ҳам муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 н.Шаҳристон баъд аз анҷоми сохтмони бинои нав, бинобар сабаби дар лоиҳа набудан бо таҷҳизоти ошхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, китобхона ва гармидиҳии блоки “Д” таъмин нашудааст. Аз сабаби он ки ноҳияи Шаҳристон имкониятҳои маҳдуди молиявӣ дорад, ҳукумати маҳаллӣ барои дар оянда таъмин намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 бо таҷҳизоти лозимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
А.Буриев илова кард, ки “Ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф дар якҷоягӣ барои таъмин намудани 6 синфхонаи иловагии мактабҳои деҳаҳои дурдасти ноҳия бо тариқи ҳашар мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, хобгоҳи парваришгоҳ ва ғайраро сохта истодаанд”. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳамчунин аз он шикоят кард, ки буғхонаи дар мактаби деҳаи Чашмасор насбшуда аз ҷиҳати иқтисодӣ серхароҷот буда, барои ба кор даровардани он ангишт ба миқдори зиёд лозим мешавад. “Мо кӯшиш мекунем, ки дар мактабҳои ноҳия буғхонаҳои хурди каммасрафро насб кунем, то ки барои таъмини онҳо бо ангиштсанг мушкилӣ надошта бошем” – гуфт А.Буриев.
Муаллифи нома Раҳмонқул Ҳамроқулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки “Ман ягон ғараз ва ё ҳадафи шахсӣ надорам. Баръакс мисли дигар сокинони деҳа аз сохтмони бинои замонавии мактаб хеле шод ҳастам, аммо намефаҳмам, ки чаро он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда нашудааст. Комиссияҳои ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ омада тафтиш мекунанд, “камбудиҳоро ислоҳ мекунем”, — гуфта баромада мераванд,- вале мактаби наву замонавӣ ҳамоно бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин нест”.
Ҳамин буд, ҷавоби шахсони масъул, ки дар сохтмону ба истифодабарии мактаби миёнаи рақами 6 деҳаи Чашмасор ноҳияи Шаҳристон рабт доштанд. Ҳамчунин хабарнигори АМИТ “Ховар” бо дигар шахсони масъул низ вобаста ба ҳамин мавзӯъ суҳбат анҷом дод, ки овардани муҳтавои онро зарур нашуморидем, чун он нафарон “гила аз ношукрӣ” доштанд.
Ба ҳар ҳол суол ҳамоно ҷавоб мехоҳад, ки чаро мактаб бо таҷҳизот таъмин нашудааст. Зеро тавре ки медонем, ҳар вақте Сарвари давлат супориш медиҳанд, таъкид мекунанд, ки мактабҳо бо тамоми таҷҳизоташ сохта, ба истифода супорида шаванд.
Воқеан ҳам барои сохтмони мактаби деҳаи Чашмасор дар марҳалаи аввал 2 млн. 169 ҳазор сомонӣ маблағ ва дар марҳалаи дуюм 1 млн. 316 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ҳисоби умумии он 3 милл. 485 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Наход бо чунин миқдор маблағи пулӣ тахтаҳои синфӣ ва мизу курсӣ харидорӣ кардан имкон надошт?