Дабири кулли НАТО тасдиқи фарзияи Туркияро оид ба суқути СУ-24 эълон кард

Ноябрь 25, 2015 04:44

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг эълом дошт, ки фарзияи Туркия оид ба суқути ҳавопаймои СУ-24-и Русия дар Сурия аз манбаъҳои кишварҳои дигари НАТО тасдиқ шуд.
«Маълумоти аз дигар иттифоқчиён ба даст омада ба тафсири Туркия мувофиқ аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел Дабири кулли НАТО.
Чанде пеш ҷониби Туркия изҳор дошт, ки пеш аз оташ кушодан, ҳарбиёни Туркия якчанд маротиба ҳавопаймои номаълумро дар мавриди 15 км ё камтар аз он ба марзи Туркия наздик буданаш ҳушдор додаанд. Бино ба маълумоти ҷониби Туркия, ҳавопаймо ба огоҳӣ эътибор надода, ба фазои ҳавоии Туркия  ворид шудааст, ки дар ҷавоб ҳарбиёни Туркия онро сарозер кардаанд.
Столтенберг ҳамчунин изҳор дошт, ки андешидани тадбирҳои пешгирии низоъҳои нав вобаста ба амалиёти низомӣ дар Сурияро муҳим мешуморад.
«Аҳамияти дидани чораҳо дар он аст, ки дар оянда метавонанд рух додани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намоянд», — гуфт ӯ.
Столтенберг аҳамияти робитаҳои минбаъдаи Маскав ва Анқараро оид ба ин ҳодиса таъкид карда, аз ҷонибҳо даъват намуд, ки дар қабули қарорҳо ботаҳаммул бошанд.
Тавре ки чанде пеш иттилоъ додем, субҳи рӯзи сешанбе, неруҳои ҳарбӣ- ҳавоии Туркия ҳавопаймои низомии СУ-24-и Русияро дар марз бо Сурия сарозер карданд.
Дар навбати худ, Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ II таъкид кард, ки ҳавопаймои низомии Русияро ҳавопаймои F-16-и Туркия дар қаламрави Сурия сарозер кардааст. В. Путин ёдовар шуд, ки ҳавопаймои ҷангии сарозершудаи Русия дар Сурия ба Туркия ҳеҷ таҳдид надошт. Президенти ФР изҳор дошт, ки суқути СУ-24 дар муносибатҳои Русияву Туркия метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

 

Ноябрь 25, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад