Дар ҷануби Туркия террористи худкуш худро тарконид

Ноябрь 16, 2015 05:02

Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). -Назар  ба  хабари Аl- Arabya, террористи  худкуш дар  шаҳри  Ғозиёнтепи  Туркия худро тарконид. Бар  асари  ин  ҳодиса  чор  нафар  кормандони  пулис  осеб  диданд. Террористи   зикршуда  тахминан узви   созмони  террористии «Давлати исломӣ» будааст.
Ёдовар  мешавем, ки  таркиш  дар  аснои  саммити  G20, ки  дар  шаҳри  Анталия  идома дорад,  рух дод.

Ноябрь 16, 2015 05:02

Хабарҳои дигари ин бахш