Дар Душанбе ҳамоиши якуми донишгоҳҳои славянӣ баргузор мешавад
Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 17 ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши якуми донишгоҳҳои славянӣ баргузор мегардад, ки дар кори он ректорони донишгоҳҳои славянии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Қирғизистон иштирок менамоянд.
Тавре ки ректори Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ба ҳамоиш намояндагони Донишгоҳи политехникии Томск ва намояндагиҳои донишкадаҳои олии Русия дар шаҳри Душанбе низ даъват шудаанд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона роҳандозӣ мешавад.
Аз рӯи натиҷаи ҳамоиш Ассотсиатсияи донишгоҳҳои славянӣ таъсис ёфта, ёддошти дахлдор қабул мешавад.
Ҷаласаҳои навбатии ҳамоиш ҳар сол дар заминаи донишкадаҳои олии иштирокдори лоиҳа доир мегарданд.
Барномаи фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳошияи он дастаи «Славяне» — и Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






