Дар интизори суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Париж
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Парижи Фаронса Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба кори худ оғоз мекунад, ки дар қатори сарони як зумра давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар он иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, расидан ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва Рушди устувор ибтикороти арзишманд намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари пешқадам дар ин росто эътироф шудааст. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории аксари кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус соли 2003 «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон гардиданд. Инчунин бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (20 декабри 2010) эълон шуд.
Интизор меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инбор низ зимни суханронӣ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳодҳои муҳим дар самти пешгирӣ аз раванди вусъати тағйирёбии иқлим ва омилҳои марбут ба онро пешниҳод кунад, зеро, аз пешниҳодҳои қаблии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва дастрасӣ ба оби тоза бар меояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзуъ аҳамияти ҷидди дода, иқдомҳоеро пешниҳод менамояд, ки ҳадафҳои аслии онҳо барои аҳолии кулли сайёра манфиатбахшанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар робита ба масъалаи дастрасӣ ба оби тоза бо саъю кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Бахусус, аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2014, ш. Душанбе) метавон ёдовар шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон 27 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА доир шуд, пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.
«Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод хоҳад гузошт», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Бояд гуфт, ки ин иқдоми нави сатҳи байналмилалии Тоҷикистон аллакай аз ҷониби аксари кишварҳои олам дастгирии ҳамаҷониба ёфта, интизор меравад, ки то охири соли равон қабул гардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






